Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Ҷаласаи назди раиси ноҳия

       Дар  ҷаласаи  навбатии назди  раиси  ноҳия, ки рўзи 28-уми феврал доир гашт, як силсила  масъалаҳои  муҳими  рўз мавриди баррасӣ  қарор  дода  шуданд.  Доири  масъалаи   ҷамъоварии  маблағҳои  андоз  барои  моҳи  март  раиси  ноҳия   муҳтарам  Бозоралӣ  Одиназода  ба  масъулини бахш  дастур доданд, ки дар ин самт корро беҳтар ташкил  намоянд.

       Ҳоло  рўзҳои  гарми  аввали   баҳор  фаро  расидааст,  ва барои  омода  намудани  заминҳо  ва техникаи   соҳаи  кишоварзӣ,  омодагӣ  ба кишти  пахта,  кишти  зироатҳо( ба хусус  сабзавот) , рафти  озуқадиҳии заминҳои  кишти  ғалладона;  маълумот  оиди   вазъи  наслгирии чорвои  калону  майда ( хоҷагиҳои  чорводории  ноҳия);  пешниҳоди   маълумоти  омории  соҳаи  кишоварзию  саноат  дар моҳи  феврал  раиси ноҳия   ба  мутасаддиёни бахш  таъкид  намуданд, ки  дар  ин бобат  маълумотҳои  аниқ  пешниҳод  намоянд.

     Раиси  ноҳия  доири  омода  намудани  иншоотҳои  ҷашнии  моҳи  феврал  мавриди  истифода   карор  додашуда;  пешниҳоди  рўйхати  иншоотҳои  ҷашнии  дар  арафаи  Наврўзи  байналмилалӣ   ифтитоҳ    мегардида;  пешниҳоди  рўйхати  ҷадвали   баргузории суҳбат   бо довталабони  Квотаи  Президентӣ;  баргузории чорабинии  ноҳиявӣ  ба ифтихори   рўзи  Модар;  ташкили  ҳашари  умуминоҳиявӣ  ҳар  рўзи  шанбе  дар  Ҷамоатҳои деҳоту  шаҳрак; насби  шиору  навиштаҷотҳо  ба  муносибати рўзи  Модар  ва Наврўзи  ҷаҳонӣ  ҳамаи  масъулину  мутасаддиён  ва  раисони  ҷамоатҳоро  сахт  вазифадор  намуданд, ки  барои  иҷроиши корҳо  ва ҳалли масъалаҳои  ҷаласаи  назди  раис  тадбирҳои  судбахш  андешанд.

     Дар  бораи  пешниҳоди   маълумот  ҷиҳати   баргузории курсҳои   омўзишии  ҷавонони    синни даъватӣ  ва тақсимоти  даъватномаҳо  ҷиҳати ҳозиршавӣ  ба комиссариати  ноҳия дар айёми  даъвати  баҳорӣ;  ба истифода  додани  боғчаи   бачагонаи  №5-и   назди  муассисаи   таълимии  №19  дар ҷ/д   Чубек  раиси  ноҳия  ба  мутасаддиёни   соҳаҳо  ва муовини   соҳавӣ   супориш  доданд,  ки   корро  дар  ин   самтҳо  ҷоннок  намуда,  тадбирҳои   зарурӣ  андешанд.

 Маркази  матбуоти  раиси ноҳия

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай