Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - САРБОЗОН БО ТУҲФАҲО КАДРДОНӢ ШУДАНД.

          Имрўз  аз  тарафи  бахши  кор  бо ҷавонон  ва варзиши  мақомоти  иҷроияи ҳокимияти  давлатии  ноҳия ба  афсарону  сарбозони Қисмҳои  ҳарбии    45085-и Ҳолатҳои  фавқулодда  ва  0307-и Қушунҳои  Сарҳадии КДАМ  ҶТ дар  ноҳия  баъди  анҷоми  мусобиқаҳои варзишӣ  туҳфаҳои  хотиравӣ  тақдим  гардид. Бояд қайд  намуд, ки  бахшида  ба  29-умин  солгарди Артиши  миллӣ  мусобиқаҳои  варзишӣ аз рўи  5  намуд,  футбол, волейбол, баскетбол, шоҳмот ва  шашка  дар қисмҳои ҳарбии  мазкур  доир  шуда,  ғолибон  бо  туҳфаҳои  таъсис  намудаи  бахш сарфароз  гардиданд.  Афсарону  сарбозон барои  таваҷҷуҳи  беандоза ва ғамхоронаи  Пешвои  муаззами  миллат  изҳори  миннатдорӣ  намуда,  қавл  доданд, ки содиқонаву  софдилона хизмати ҷарбиро  ба ҷо  меоранд.     

Маркази  матбуоти  раиси  ноҳия

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай