Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Баррасии шонздаҳ масъалаи муҳим

         Дар ҷамъомади   навбатии назоратии  назди Раиси ноҳия  бо иштироки   раиси  ноҳия   муҳтарам   Бозоралӣ Одиназода беш аз  16 масъалаи   ҳалталаб  мавриди  баррасӣ  қарор гирифт.

    Масъалаи аввали   ҷамъомад- ин  ҷамъоварии  маблағҳои андоз  барои рўзҳои  боқимондаи   моҳи июл буд, ки   роҳбари ноҳия  аз масъулини  соҳа  пурсиш ба амал  оварда,  супориш  доданд, ки ҳар як  рўзи моҳи  боқимондаи   моҳи июлро   самарабахш  истифода бурда,  нақшаи ҷамъоварии  маблағҳои   андозро  пурра таъмин  намоянд.

   Рафти   нигоҳубини  пахтазор, ба анҷом   расонидани  сарчинкунии  ниҳолҳои  пахта, нигоҳубину парвариши  зироатҳои   кишти такрорӣ;   кишти такрории картошка; омода  намудани  иншооҳои  ҷашнии   дар моҳи  июл истифодашаванда; андешидани   чораҳои   зарурӣ  ба давраи тирамоҳу  зимистон дар ҳамаи   соҳаҳо; назорат  ба пешниҳоди   маълумотҳои   омории  ҷамаи  соҳаҳо дар  ҳафтмоҳа аз масъалаҳои  дигари  ҷамъомад буданд, ки  барои   иҳроиши  корҳо  раиси ноҳия   ба масъулин  дастуру   супоришҳои   мушаххас  доданд.

    Доири  масъалаҳои  дигар: зери назорати   ҷиддӣ  қарор гирифтани  иҷрои  нақшаи   чорабиниҳо  ба ифтихори 35- солагии  Истиқлоли  давлатӣ  ва 30 - солагии   Иҷлосияи  таърихии 16- уми  Шўрои  Олии  ҶТ;  назорати   иҷрои  корҳо дар   асоси нақшаи   чорабиниҳо доири омода  намудани МТМУ №43; андешидани чораҳои   зарурӣ  ҷиҳати  аз ҷойҳои  ҷамъиятӣ  баровардани  бунгоҳҳои  тиббии  деҳаи Гулистони ҷ/д   Меҳнатобод  ва  деҳаи   Боғистони  ҷ/д ба номи Турдиев;   омодагӣ  ба қабули   меҳмонон  аз вилояти   Сурхондарёи  Ҷумҳурии  Ўзбекистон;  тозаю   озода намудани  кўчаҳои  шаҳрак ҳам,  раиси  ноҳия  муҳтарам  Бозоралӣ  Одиназода ба муовинони соҳавии раиси ноҳия, роҳбарони  идораву  ташкилотҳо,  раисони ҷамоатҳо, ва дигар  шахсони мутассаддӣ  бобати ҳалли  масъалаҳо  супоришҳои  мушаххас  доданд.

    Ҳамчунин роҳбари  ноҳия барои   андешидани чораҳои қатъӣ   ҷиҳати нест кардани сагҳои дайду дар  шаҳраку дигар   маҳаллаҳо;   ҷалби ҷавонони  синни  даъватӣ ба курсҳои касбомўзӣ  ва  пуррагардонии  курсҳо тибқи нақша;  иҷрои нақшаи  обуна  ба рўзномаҳои  ҳизбӣ  ва ноҳиявӣ, баррасии  маълумотномаи  Хадамоти назорати  давлатии  санитарию  эпидемиологӣ  ҳамаи  шахсони  масъулро  вазифадор  намуданд, ки тадбирҳои  заруриро  ба сомон  расонанд.

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай