Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Ба Ватан баргардонида шуданд

             Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  баҳри  таъмини амният, фароҳам овардани  шароити  хуби  зист, оромиву  осудагии шаҳрвандон  тамоми чораҳои  лозимиро  андешида,  дар ин самт пайваста  талош  меварзад.   Аз  рўзи  ба  сарварии миллат  омадани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиќлолияту  оромии шаҳрвандон  таъмин  гардида, барои  фароҳам  овардани  шароити  хуби корию  маишӣ як қатор барномаву  стратегияҳо ќабул  гардида  мавриди амал қарор  доранд. Яке  аз чунин  Барномаҳо “ Стратегияи  миллии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  оид ба муқовимат  ба терроризм  ва экстремизм  барои солҳои  2021-2026” таҳия ва   қабул гардид, ки  дар он вазифаҳои  ҳар як  мақомоти   давлатӣ дар  самти мубориза  бар зидди ин  зуҳуроти хатарнок  мушаххас  дарҷ гардидааст.  Чуноне  шоҳид  ҳастем, баъди  пош хўрдани  ИҶШС,  Тоҷикистон  як  дили  ду кафонро  мемонд. Аз  як  тараф  тақсимоти  марзҳои  он, аз  тарафи  дигар ҷанги  хонумонсўзи шаҳрвандӣ ва  гуреза  шудани сокинон қариб  буд давлату  миллатро  ба  нестӣ оварда  расонад.  Маҳз ҷоннисорӣ, ақлу  заковат  ва  таҷрибаи   нодири сулҳофарии Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  имконият фароҳам овард, ки  пас аз ҳазор  сол давлати тоҷикон соҳиби  истиқлолияти  комили  худ  гардид.  Тавре, ки  огаҳ  шудем,  боз як  иқдоми  наҷибонаи  роҳбари  давлат  баҳри  таъмини  зиндагии хуби  шаҳрвандони ҷумҳурӣ  сурат  гирифт. Шоми  25 июли соли ҷорӣ дар ҳошияи дастуру  супоришҳои Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  146 нафар  шаҳрвандони  мамлакат тавассути  тайёра  аз давлатҳои ҷангзадаи Ироќу Сурия  ба  Ватан  баргардонида  шуданд. Бояд  тазаккур  дод, ки   баргардонидани  шаҳрвандони Тоҷикистон  аз  кишварҳои ноором  яке  аз  иқдомҳои  башардустонаи   Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мебошанд. Чуноне  АМИТ «Ховар»  додааст; бо супориши Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   барои  баргардонидани  занону  кўдакони   тоҷик  аз кишварҳои  хатарзо ва ҷангзадаи Ховари  Миёна  ба  Ватан  дипломатҳои  тоҷик моҳи  декабри  соли  2020 ба Сурия,  аз ҷумла  ба  урдугоҳҳои  ал-Ҳавл ва  ар-Равҷ сафари корӣ анҷом  дода, зимни  он ба шаҳрвандони кишвар вохўрданд.  

       Умед  бар  он  дорем, ки  дар  ин  миён  шаҳрвандони мо  низ дар  байни  шахсони  баргардонидашуда ҳастанд ва ба  назди  хешу  наздиконашон  баргашта зиндагии орому  осударо  ба  сар  мебаранд. Ва  он  мушкилотҳое, ки  дар  давлатҳои  ноорм дучор шуда буданд фаромўш  намуда,  аз ҳавои беғубори  кишвари соҳибистиқлоли  Ватан  нафас  мекашанд.  

       Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дода  буд,  дар  асоси  дастуру  супоришҳои   Сарвари  давлат  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бо  дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  дар ҳамкорӣ  бо вазоратҳои  корҳои  хориҷии Ироқ ва Қувайт,  мақомоти ҳифзи ҳуқуқи  Ироқу Тоҷикистон,  ташкилоти  ЮНИСЕФ ва  дигар созмонҳои  байналмилалӣ  30 апрели  соли  2019  84 нафар кўдакон  тавассути  ҳавопаймоҳҳои  махсус  аз  Бағдод  ба Душанбе  баргардонида  шуданд. Бо  роҳбари  оқилу  хирадманди  мо сокинони гумроҳшудаи  кишварамон  аз  манотиқи  ноором  ва ҷангзада  ба Ватан баргардонида мешаванд.

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.