Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Омода намудани маводи ғизоӣ барои давраи тирамоҳу замистон

           Сокинони  заҳматпешаи  деҳоти ноҳия  дастуру  ҳидоятҳои   Пешвои муаззами миллат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмонро ҷиҳати  омода  намудани  маводи ғизоӣ  барои давраи   тирамоҳу  зимистон  ва захираи   дусолаи   озуқа  сармашқи  кори худ  намуда,  аз ҳар  як  ваҷаб замини   Президентӣ, замини  наздиҳавлигӣ  самарабахш истифода мебаранд.

    Сокини  кўчаи  ба номи  Мирзо  Турсунзодаи   ҷамоати  шаҳрак  (раиси  маҳалла  Нигина  Қандова,  раиси шаҳрак  Моҳшариф  Шоахмедова)  аз 3 садяк  замини  ҳавлиаш оқилона  истифода  бурда, ба қадри 100 банкаи  шартӣ  нўшобаву  афшура  ва хўришҳои  гуногун, ҳамчунин  ба қадри  зарўри орду  гандум, лубиё, мош,  картошка  ва маводи  ғизоӣ  захира  намудааст.Дар  замини  наздиҳавлигияш помидору, боимиҷон, бодиринг  пухта  расидааст  ва аҳли оила   ба давраи  тирамоҳу  зимистон пурра  омодаанд.

 

       Дар деҳаи Сафедоби   ҷамоати деҳоти “ Панҷруд”  (раисаш  Ф. Раҷабов)  собиқадори  меҳнат,  дорандаи   даҳҳо  ордеру  медалҳои  ҳукуматӣ,  сипосномаву  Ифтихорнома, собиқ  механизатори  номдори  колхози ба номи Киров Раҷабов  Сафар  бо ҳамроҳии  фарзандаш  Қурбоналӣ  Раҷабов  ва наберагонаш  5 садяк  замини  наздиҳавлигиашро  оқилона  истифода бурда,  барои  давраи  тирамоҳу  зимистон ва ду соли дигар  маводи озуқа  омода   намудаанд. Дар болои кати рўи  ҳавлӣ мо беш  аз 140  банкаи  шартии   нўшобаву  афшура  ва хўришҳоро  дидем,  инчунин  ба миқдори  зарурӣ   гандум  ва дигар  анвои  хўрока  захира  карда  шудааст. Дар  замини наздиҳавлигӣ  кишти такрории  ҷуворимаккаи  дон,  картошка, бодиринг  ва ғайра  гузаронида   шуда, нигоҳубину  парвариши  он завқи  бинандаро меорад.

   Дар замини наздиҳавлигӣ  ҳамчунин  чормағз,  ангур, себи бинҷ,  зардолую  шафтолу  ва дигар дарахтони  мевадиҳанда  парвариш  ёфта, ғарқи ҳосиланд. Муносибати  аҳли  хонавода  ба замин  барои бисёриҳо  мактаби таҷриба аст.

 

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай