Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - МАҲФИЛИ ТОҶИКОНХОНӢ

          Дирӯз дар филиал-китобхонаи  №17-и шаҳраки Москва бо иштироки толибилмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ  чорабинӣ таҳти унвони “Тоҷиконхонӣ-вазифаи муқаддас” доир гардонида шуд. Дар чорабинӣ  аъзои доимии китобхона кормандони рӯзномаи ноҳиявии “Навиди Ҳамадонӣ” Абдуҳалим Салимзода ва Илёсиддин Набиев  баромад карда,  аз иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати соли 2023 доир намудани озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон”-оинаи таърихи миллат”  изҳори хушҳолӣ намуданд.

Дар чорабинӣ хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и ноҳия (директораш Файзалӣ Сафаров)  иштирокчиёни озмунҳои қаблии ҷумҳуриявии  “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон –Ватани азизи ман”, “Библиомарафон” таҳти унвони  “Ҳамнишине беҳтар аз китоб махоҳ” Фархунда Рафиева, Ганҷина Неъматова  дар бораи фаъолияти илмиву эҷодӣ ва роҳбарии академик  Бобоҷон Ғафуров  баромад карда, аз қисматҳои алоҳидаи шоҳасари безавол ва пурбаҳои  “Тоҷикон”-и аллома дар байни иштирокчиёни ҳамоиш ҳарф заданд.

Тоҷиконхонӣ иқдоми хубе буда, дар баланд бардоштани сатҳи дониш, худшиносӣ ва худогоҳии насли наврасу ҷавонон нақши муассир гузошта метавонад.  

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай