Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои раиси ноҳия муҳтарам Бозоралӣ Одиназода, ки зимни ҷаласаи назоратии худ таъкид доштанд, аз тарафи кормандони рўзнома пайгирӣ гардида, мавриди амал қарор дода мешаванд. Дар давоми ҳафта аз рафти корҳо ва иҷрои дастуру супоришҳо дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия кормандон дидан намуда, хабару мақолаҳо нашр месозанд.
Кишоварзони хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти ба номи Турдиев то имрўз дар майдони 642 гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзиро гурарониданд, ки баробари 95 фисади нақша мебошад. Кишти такрории зиротҳои зерин- ҷуворимакки дон, шолӣ, мош, зироатҳои лубиёӣ, полези пурра иҷро шуда, кишти баъзе намуди сабзавот идома дошта, рўзҳои наздик ба кишти картошка шуруъ мекунанд. Бо ин мақсад тухмии картошка ба қадри зарурӣ захира карда шудааст.

Захираи маводи озуқа
Тавре раиси ҷамоат Н. Набиев иттилоъ дод, захираи озуқа барои давраи тирамоҳу зимистон ва ду соли оянда дар деҳоти мазкур ба хубӣ пеш рафта, дар бисёр оилаҳо аллакай захираи озуқаро таъмин намудаанд.
Сокини деҳаи Сомониён Гулбаҳор Хамидуллоева аз замини назди ҳавлигӣ то имрўз беш аз 300 банкаи шарти афшураву нўшоба ва хўришҳои гуногун омода намуда, наздики 3 тонна гандум ва дигар анвои хўрока захира кардаанд.



Гизодиҳии ҷуворимаккаи дон
Дар хоҷагии деҳқонии Файзулло дар майдони 30 садяк баъди ғундоштани ғалладонагиҳо ( гандум) кишти такрории ҷуворимаккаи дон гузаронида шуда, алҳол нигоҳубини он хуб ба роҳ монда шудааст. Киштзори хоҷагӣ аз алафҳои бегона тоза култиватсия карда шудааст.
Имрўз дар хоҷагӣ ба ғизодиҳии ҷуворимакказор шуруъ карда, онро бо сифати баланд анҷом доданд.


