Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Баррасии масъалаҳои муҳимми рўз

           Якуми  августи  соли 2022  дар маҷлисгоҳи  мақомоти иҷроияи  ҳокимияти  давлатии ноҳия   бо иштироки  раиси ноҳия  муҳтарам Бозоралӣ  Одиназода,  роҳбари дастгоҳ,  муовинони  соҳавии  раиси  ноҳия, роҳбарони  ташкилоту  муассисаҳо,  раисони  ҷамоатҳо  ҷамъомади  назоратии  назди раиси ноҳия  доир гардид.

     Нахуст, масъалаи  иҷрои нақшаи  ҷамъоварии  маблағҳои  андоз  дар моҳи июл  ва ҷамъоварии  маблағҳо  барои  моҳи август  дида  баромада шуд  ва Раиси  ноҳия  муҳтарам Бозоралӣ  Одиназода  ба масъулини  соҳа бобати иҷроиши   нақшаи  андоз  маслиҳатҳои  муфид  доданд.

      Оиди  назорати  ҷиддӣ  ба рафти  нигоҳубини  пахтазор, омодагӣ  ба чиниши  пахта, рафти нигоҳубин  ва парвариши  зироатҳои  кишти такрорӣ;  кишти такрории  картошкаву  сабзӣ  аз рўйи   нақшаи муайяншуда; омода  намудани  коргоҳу  корхонаҳои пахтақабулкунии  дар ҳудуди  ҷамоатҳо фаъолияткунанда  раиси   ноҳия ба муовини  аввали раиси ноҳия, муовинони  соҳавӣ,  раисони ҷамоатҳо  дастуру супориш  доданд, ки  ҷиҳати  иҷроиши корҳо чораандешӣ  намоянд.

      Доири масъалаҳои  таҳлил  ва пешниҳоди   маълумот оид ба  фаъолияти ҳар як корхонаи   коркарди намак аз тарафи  гуруҳи корӣ;  назорати ҷиддӣ дар самти пешниҳоди  маълумотҳои омории  соҳаи саноат; пешниҳоди  рўйхати  иншоотҳои  ҷашни, ки дар  моҳи август  мавриди қабул ва истифода  қарордодашаванда;  рафти таъмири  муассисаҳои  таълимӣ;  муайян  намудани  миқдори  захираи ангишт дар муассисаҳои таълимӣ; ташкили ярмаркаи фурўши  сару либоси мактабӣ  ва маводи хониш раиси ноҳия ба масъулин дастуру супоришҳои  мушаххас доданд, ки  ҷиҳати амалишавии  корҳо назорати  ҷиддӣ  бурда шавад.

       Ҳамчунин, дигар масъалаҳои ҷаласаи   назоратӣ- баргузории  рўзи санитарӣ  дар  «Бозори  фаровон»;   рафти амалишавии нақшаи чорабиниҳое, ки  аз рўи ҷамъбасти  фаъолияти Ҷамоатҳои ш/ деҳоти ноҳия дар   соли 2021  таҳия гардидаанд  ва пешниҳоди   маълумоти муфассал аз натиҷаи корҳои  иҷрошуда;  рафти баррасии  мактубҳо  ва   муроҷиатҳои  воридгардида; дидани чораҳо   ҷиҳати ҷалби  ҷавонони синни даъватӣ  ба курсҳои  касбомўзӣ  ва пуррагардонии  курсҳо  тибқи  нақшаи муайянгардида,  сари вақт бақайдгирии   касбомўзон; иҷроиши нақшаи  обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ ва ноҳиявӣ  ва пешниҳоди нақшаи обуна  ба рўзномаю    маҷаллаҳои  вилоятию  ҷумњуриявӣ;  омодагӣ ба ҷашни 31- солагии  Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳия  ва пешниҳоди   Барномаи фарҳангӣ, ташкили шиору  овезаҳо  бахшида ба ин   ҷашн  ва муайян  намудани ҷойи баргузории чорабинии  ноҳиявӣ  низ  мавриди  таҳлили  ҷиддӣ  қарор  гирифта, раиси ноҳия  ҷиҳати  иҷроиши  корҳо   ба ҳамаи  шахсони  масъул дастуру  супоришҳои  муфид  доданд.

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай