Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Пахтачинӣ оғоз ёфт

      Хоҷагии  деҳқонии «Баракат»  дар ҷамоати деҳоти «Панҷрўд» яке аз хоҷагиҳои  пешқадам ба шумор рафта, ҳар сол аз уҳдаи  иҷрои нақшаи  дурнамои  истеҳсоли  маҳсулоти кишоварзӣ  бо сарбаландӣ  мебароянд.

   Хоҷагӣ  дар ихтиёри  худ 11 гектар замин дошта, дар 3 гектари он гандум корида, ҳосили дилхоҳ  парвариш карда  расонидаанд. Баъди   ғундоштани  ҳосил, дар он кишти такрори   ҷуворимакка  дон  гузарониданд  ва ҳоло нашъунамои   он хуб   аст  Аъзоёни  хоҷагӣ  дар майдони 8 гектар соли равон  кишти пунбадона  гузаронида, дар натиҷаи   парвариши хуб ва  андешидани   тадбирҳои агротехникӣ ҳосили  хуб парвариш  карда расониданд.

    Пахтазори  хоҷагӣ  ғарқи ҳосил  буда,  ҳар   ниҳол  то 20-25 кураку  шона ва пағаи шукуфта дорад. Дирўз  заркорони  хоҷагӣ  дар  ноҳия  нахустин  шуда, бо  иштироки   раиси   ноҳия  муҳтарам Бозоралӣ Одиназода,  раиси  ҷамоат Файзимад  Раҷабов  ва пирони кор  ба пахтачинӣ  шуруъ карданд.

    Аҳли заҳмати   хоҷагӣ азм доранд, ки   имсол аз  ҳар   гектар  то 45 сентнерӣ ҳосил бардоранд.

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.