Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - “Сарҳадчӣ”- Ҳулбук” 5-5

     Қабл аз оғози  даври дуюми чемпионати  мамлакат оид ба футбол миёни дастаҳои  лигаи якуми  дастаи “Сарҳадчӣ” дар Варзишгоҳи  марказии ноҳия  бо дастаи “Ҳулбук”-и  ноҳияи Восеъ бозии дўстона  гузаронид.

    Зурозмоиш ҳар ду даста  басо тезутунд  ҷараён гирифта , дар қисми якум  ба дарвозаи  якдигар њафт  туб заданд.Восегиҳо  дар қисми  аввал бо натиљаи 4-3  пешсаф  буданд.

    Қисми дуюми  вохўрӣ низ шавқовар сурат  гирифта , дастаҳо бозии хуб нишон доданд. Футболбозони  ноҳияи Ҳамадонӣ дар қисми 2-юм бештар ба  ҳуҷум гузашта , ба дарвозаи меҳмонон 2 туб зада, аз дарвозаи худ як туб сар доданд.

    Бозӣ  бо  ҳисобӣ  5-5 анҷом ёфт. Рафти бозӣ нишон дод, ки ҳар ду даста  ба даври  дуюми  мусобиқот  омодагии хуб дида  истодаанд.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.