Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Маслиҳати мутахассис ба пахтакорон

       Боронгариҳои рўзҳои 17-19 апрели соли 2018 ва паст гардидани ҳарорати ҳаво дар заминҳои хокашон сабук  (қумзаминҳо), ки аз 20 март то 1 апрел пахта кишт карда шудаанд, пахтаи баромада қисман осеб дидааст. Бинобар ин ба пахтакорон тавсия дода мешавад, ки ҳарчӣ тезтар пахтаро бо мақсади кам намудани намнокии замин чобуқ кардан зарур аст. Ҳамзамон коркарди техникии байни қаторҳои пахтаро (култиватсия) гузаронида, озуқадиҳии онро оғоз кардан даркор аст. Дар навбати аввал 100-150 килограмм нуриҳои азотӣ дар 1 га ба таври иловагӣ ба ин намуди қитъаҳои замин тавсия дода мешавад. Ба андозаҳои олотҳои нармкунандаи култиваторҳо аҳамияти зарурӣ додан лозим аст.

Телефонҳо барои тамос: 777-15-00-50, 900-02-67-04,  935-16-33-59

image
Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

image
Одиназода Бозоралӣ Неъмат

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ