Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Баррасии масъалаҳои муҳим ( аз ҷамъомади назоратии назди раиси ноҳия)

 

    Дар толори Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  ҷаласаи  навбатии назоратии назди раиси ноҳия  баргузор гардид. Дар ҷаласа Раиси ноҳия  муҳтарам Бозоралӣ  Одиназода , муовинони ноҳия мудирони шуъбаҳои МИҲД,  роҳбароини ташкилоту  муассисаҳо, Раисони Ҷамоатҳо  ва дигар фаъолони ноҳия   иштирок доштанд.

    Дар ҷаласа як зумра  масъалаҳои  умдами рўз  мавриди муҳокима қарор гирифтанд: иҷрои нақшаи  ҷамъоварии маблағҳои  андоз барои моҳи  сентябр ва таъмини иҷрои нақшаи  нуҳмоҳа; вусъат додани кори ҷамъоварии ҳосили пахта  ва пешниҳоди аниқи  маълумот оиди ғунучини ҳосил; рафти супоридани ҳосили пахта  ба корхонаҳо  ва пешниҳоди варақахои қабул; корбари бо корхонаҳои пахтақабулкунї; кишти пиёзи  барвақтӣ;  аз хонаҳо баровардани ҳосили пахтаи ҷамоваришуда аз тарафи  гуруҳҳои  корӣ; оғоз намудани кишти ғалладона  аз рўи қоидаҳои   агротехникӣ;  назорати маълумотҳои пешниҳодшуда оиди ҷамъоварии ҳосили зироатҳои кишти такрори  ва ҳар як масъала ҳаматарафа баррасӣ гардида  Раиси ноҳия  ба шахсони масъул Орифзода М;  Т. Рафиев, шуъбаи омор, раисони ҷамоатҳо  дастуру супоришҳои ҷидди доданд, ки ҷиҳати иҷроиши корҳо чораҳои қатъӣ андешанд.

     Доири масъалаҳои дигари ҷаласа- муайян намудани лоиҳаҳои  сармоягузорӣ  дар ноҳия  ва ҷалби мустақим; зери  назорати ҷиддӣ  гирифтани рафти корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои  ҷашнӣ  ва пешниҳоди маълумоти аниқ дар барои омодагии  онҳо барои қабул;  пешниҳоди  маълумоти дақиқ дар бораи  таъмини  муассисаҳои   таълимӣ  бо кадрҳои  омўзгорӣ,  бахусус, кадрҳои ҷавон  ва китобдорон;  баррасӣ  ва таҳлили  фаъолият  оид ба натиҷаҳои  рушди иҷтимоию  иқтисодӣ дар 8 моҳи соли равон;  омодагӣ ба мавсими даъвати тирамоҳии  ҷавонон  ба хизмати ҳарбӣ;  рафти обуна ва иҷрои  нақша  ба рўзномаҳои ҳизбӣ  ва вилоятиву ҷумҳуриявӣ низ ҳаммаи масъалаҳо  ҳаматарафа баррасӣ гардида ба ҳамаи масъулин раиси ноҳия муҳтарам Бозоралӣ Одиназода бобати амалишавии  корҳо дастуру тавсияҳои  судманд  доданд.

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай