Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Ватан ҷону имони мост

 

              Барои ҳар як  шахс Ватан муқаддас  аст  ва дўст доштану ҳифзи  марзу буми  он вазифаи  ҷонии ҳар як  шаҳрванди  Тоҷикистон аст.

Ин ҷо  овардани  мисраъҳои  шоири хушкаломи  тоҷикро лозим медонам:

                      Эй Ватан, эй кишвари  озодаам,

                     Ман зи модар баҳри ҳифзат зодаам.

    Мо Ватани хешро  аз дилу ҷон дўст медорем ва зарур ояд баҳраш ҷон месупорем .  Рўйдодҳои  чанд соли охир дар сарҳади Тоҷикистону  Қирғизистон ва чанд рўзи охир, ки боиси фавти шаҳрвандону сарбозон ва афсарони тоҷик дар марзи Исфараву кишвари ҳамсоя  гардид, моро бетараф гузошта  наметавонад.

     Амалҳои душманонаву ноҷавонмардонаи  сарбозони бешарафи  қирғиз  сабаби марги чандин нафар сарбозони тоҷик гардид. Мо ин рафтори душманонаи  қирғизҳоро сахт маҳкум карда, талаб мекунем, ки аз амалҳои  разилонаи худ даст кашанд. Мо тайёр ҳастем, ки барои  он ҷавонҳои диловари дар ҳифзи Ватан ҷонбохта  интиқом ситонем.

    Мо ҳеҷ гоҳ ин амалҳои ноҷавонмардонаи қирғизҳоро намебахшем ва омодаем бо шумори зиёди ҳамватанон  аз ноҳияи Ҳамадонӣ ба дифои Ватан равем.

Марг ба чунин ҳамсояҳои  душманоин!

                                                               Зевармо Шарифова, сокини ҶамоатиҚаҳрамон

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай