Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Иҷлосияи 16-уми таърихии тақдирсоз

           Охири солҳои  90-уми  асри XX  вазъияти дохилии давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ  бад гардид. Дар   натиҷа  ҷумҳуриҳои  бародарии давлати Иттиҳоди Шӯравӣ  як- як  паси ҳамдигар аз ҳайати давлати Иттиҳоди Шӯравӣ  баромада  истиқлолият  ба даст дароварданд. Хушбахтона ин неъмати Худованд 9-сентябри соли 1991  ба халқи тоҷик низ насиб гардид.

    Баъд аз пошхурии  давлати  абарқудрати  Иттиҳоди Шӯравӣ  робита  байни   ҷумҳуриҳои бародарӣ  канда шуд. Дар солҳои аввали  соҳибистиқлоли дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  хусусан дар шаҳри Душанбе гуруҳбозиҳо  оғоз  ёфтанд. Дар натиҷаи гуруҳбозиҳо  халқи тоҷик  ба ду гуруҳ тақсим шуд.

     Буҳрони сиёси тамоми кишварро  фаро гирифт. Дар натиҷаи буҳрони сиёсӣ  дар майдони марказии шаҳри Душанбе  ду майдон  ташкил ёфт. Буҳрони сиёси  ва гуруҳбозиҳо   оқибат  ба  ҷанги шаҳрванди   оварда расонд. Майдони ҳарбу зарб  минтақаи собиқ  вилояти Қурғонтеппа  гардид.

   Дар чунин вазъияти  бассо мушкил  бо мақсади бо муътадил  овардани вазъи  баамаломада  16 ноябри соли 1992  дар Қасри  Арбоби  хоҷагии Саидхӯҷа  Урунхуҷаеви  шаҳри бостонии Хуҷанд  Иҷлосияи 16- уми Шӯроӣ Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  гузаронида шуд.

    19-уми  ноябри  соли 1992  дар Иҷлосияи  Раиси   Шӯроӣ Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Акбаршо Искандаров  аз вазифа  истеъфо дода , ба ҷои ӯ Раиси  вилояти Кӯлоб  Эмомалӣ  Раҳмон  Раиси Шӯроӣ  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  интихоб гардид.

    Бо шарофати Иҷлосияи  тақдирсоз  ва саъю  кӯшишҳои   беназири  Асосгузори  сулҳу  Ваҳдати миллӣ-  Пешвои  миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  то имрӯз  дар кишвари  азизи   соҳибистиқлоламон  дар ҳама самт  пешравиҳои  назаррас  дида  мешавад. Бо  шарофати   Асосгузори   сулҳу  Ваҳдати милли – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам   Эмомалӣ   Раҳмон  имрӯз  беш аз 190 давлати ҷаҳон  Тоҷикистонро  ҳамчун давлати  соҳибистиқлол  бо расмият шинохтанд.

                                                                                                                                                                                 

                       Одинаев Мӯсо,   директори МТМУ   №31

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай