Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ИҶЛОСИЯИ МУҲИМУ ТАҚДИРСОЗ

       Истиқлолияти давлатӣ - арзишмандтарин дастовард, бузургтарин неъмат ва беназиртарин сарвати халқи  шарифи Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳамчун воқеаи фараҳбахши таърихӣ ва ҳодисаи  муҳиму сарнавиштсоз ба тоҷикон озодиву соҳибихтиёриро ҳадя намуд. Он боис гардид, ки дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати нав бо номи Тоҷикистон бо дарназардошти тамоми унсурҳои давлатдории миллӣ арзи ҳастӣ намояд

        Акнун мебоист, ки кишвари тоза ба истиқлол расидаи мо барои мустақилона ба роҳ мондани сиёсати дохилӣ оид ба  ҳалли масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ҳуқуқӣ ва амалисозии сиёсати фаъоли хориҷӣ ҳамчун субъекти комилҳуқуқи робитаҳои байналмилалӣ ҷиҳати муаррифии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳон гомҳои устувор гузорад. Зарур буд, ки ҷиҳати таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ Конститутсия  ва рамзҳои давлатии кишвари соҳибистиқлол қабул гардида, дар мамлакат  ислоҳотҳои амиқи сиёсиву ҳуқуқӣ ва конститутсионӣ амалӣ карда шаванд, ва  фаъолияти муназзаму муътадили мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъмин карда шуда, барои зиндагонии  ҳар як сокини мамлакат шароити арзанда фароҳам оварда шавад.

         Қисмат мардуми тоҷикро бо дарназардошти ҳодисаву воқеаҳо ва таѓйироту таҳаввулотҳои босуръати солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ дар роҳи ҳифзу нигаҳдошти арзишҳои истиқлоли давлатӣ  ба душвориву мушкилиҳои сангин мувоҷеҳ кард.  Гузашта аз ин якбора боло рафтани рўҳияи озодфикрию гуногунандешии сиёсӣ, таъсиси гуруҳу ҷунбишҳои гуногун,  надоштани таҷрибаи кофии сиёсии идории кишвари соҳибихтиёр аз ҷониби роҳбарони давр ба авҷи майдоннишиниҳо, хатари парокандашавии миллат, тамомияти арзӣ ва ҷудоиандозии минтақаҳои кишвар оварда расонид.

Дар чунин шароити ҳассоси таърихӣ баргузории Иҷлосияи тақдирсози XVI  Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд заминаҳои мусоиди ҳуқуқиву сиёсиро барои ба вуқўъ пайвастани  дигаргуниҳои азим дар ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон ба миён овард. 

        Ин иҷлосия заминаҳои мусоиди ҳуқуқиву сиёсиро барои расидан ба сулҳу субот ва ба вуқўъ пайвастани  дигаргунӣ ва пешравиҳои азимро дар ҷомеаи Тоҷикистон фароҳам овард. Санадҳои меъёрии қабулшуда минбаъд барои мустаҳкам намудани асосҳои сохтори конститутсионии кишвар, таъмини волоияти қонун ва таҳкими қонуният, гирифтани пеши роҳи ҷанги шаҳрвандӣ, таҳкими муносибатҳои хориҷӣ,  фаъолияти муназзами мақомоти давлат, аз он ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, заминаи боэътимод гузоштанд.

       Ин иҷлосия  дар қалби ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ шўълаи умедро ба сўйи фардои неки давлатдории миллӣ, таъмини рўзгори босаодату пурнишоти мардуми кишвар фурўзон намуд.

     Мувофиқи рўзномаи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи 19 ноябри соли 1992 масъалаи “Дар бораи интихоби Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт. Дар натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ  аз шумораи 197 вакилони мардумӣ 186 вакил номзадии Эмомалӣ Шарифович Раҳмоновро ҷонибдорӣ карданд ва ў Раиси Шўрои Олии мамлакат интихоб гардид.

          Хотирнишон бояд сохт, ки дар ҳамин иҷлосия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даровардани таѓйирот ба Конститутсияи  (Қонуни Асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз соли 1978) қабул карда шуда, мувофиқи он амали  институти президентӣ боз дошта шуд ва мувофиқи ин таѓйиротҳо  салоҳиятҳои Президент миёни Раиси Шӯрои Олӣ, Шӯрои Вазирон ва Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим карда шуд. Раиси  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат эълон гардид.

Ҳамзамон дар иҷлосия бо мақсади барқарор сохтани рукнҳои давлатдории миллӣ Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи тасдиқи Низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардиданд, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол соҳиби рамзҳои мустақили давлатдории худ гардид.

         Қарорҳои таърихӣ ва сарнавиштсози иҷлосияи мазкур минбаъд дар самти  бунёди рукнҳои давлатдорӣ, қабули Конститутсия, ба даст овардани ваҳдати миллӣ, ба ҳам овардан миллати тоҷик, имзои созишномаи истиқрори сулҳ, зинда гардонидани ҳофизаи таърихӣ ва рушди бемайлони ҳамкориҳои байналмилалӣ нақши баѓоят муҳим гузоштанд.

                                                                                    Наврӯз Собирзода,      Ҳуқуқшиноси дастгоҳи раиси ноҳия                     

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай