Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Эҳтироми Парчам - эҳтироми миллат

          Ҳар сол мардуми  Тоҷикистон 24-уми  ноябрро  чун Рӯзи  Парчами  давлатӣ   бо ифтихору  сарбаландӣ  аз давлату   давлатдории  миллати  хеш  бо шукуҳу  шаҳомати  хосса таҷлил менамояд.

  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  чунин баён намуданд:

    “Эҳтироми парчами  давлатӣ ва расидан ба қадри он  ҳамчун яке аз рамзҳои  муқаддаси  ватани соҳибистиқлол  аз ҷумлаи вазифаҳои  ифтихорӣ ва қарзи  шаҳрвандии  аҳли  ҷомеаи  мо ба ҳисоб меравад...”  Бо садо додани номи давлати мо дар чорабинию маросимҳои  гуногун Парчами миллӣ   барафрошта  мешавад  ва боиси сарбаландиву  ифтихори ҳар фарди  кишвар мегардад.

    Парчами давлатӣ эҳсоси  ватандӯстӣ   ва миллии  мо   ҷавонон  мебошад. Эҳтироми парчами  давлатӣ,  пос  доштан  ва ҳимоя намудани  ватан  аз  суннатҳои   миллату   кишвар мебошад.

   Эҳтироми парчам – эҳтироми миллат аст. Парчами    давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои  асосии муқаддасоти  миллӣ буда,  ифодагари рамзи ҳаёти осоишта , меҳнатдӯстӣ, бахту иқболи сафед,  умед ба ояндаи  нек ва лоиқи эҳтироми пиру барнои кишвар гардидааст. Парчами миллат дар қатори дигар муқаддасот  рамзи  давлату  давлатдорӣ  ва нангу номуси миллӣ мебошад.

    Парчам дар забони адабии  ҳозираи тоҷик ҳамчун истилоҳ ба маънои ливо, байрақ, дирафш  ва рамзи  давлатӣ омадааст.

    Парчамдориву  парчамбардорӣ  ба  халқи  мо  аз  аҷдодон  мерос монда,  пайдоиши  парчам таърихи хеле қадимӣ  дорад. Агар ба рамзҳо бо назари таҳқиқ ва таҳлил нигарем, ҳар як рамз то тандозае равшангари таърих, сарнавишти саргузашти  қавмҳо, халқиятҳо ,миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун, орзуву ормонҳои  мардуманд.

      Рамзҳо  хеле гуногунанд,  мисли  Парчам, Нишон, Суруди  миллӣ, мӯҳри   давлат ҳамчун  рамз таърихи хеле бою  рангин  ва қадимиро дорост.  Парчам  бо мурури   замон  ва гузашти  айём  ҳамчун яке   аз рамзҳои  асосии давлату  миллат  ончунон мавқеи  худро устувор  касб  намудааст, ки имрӯз мавҷудияти ҳеҷ як давлат, озодӣ   ва истиқлоли онро бидуни  парчам  наметавон тасаввур  намуд.

            Ғолибҷон   Ҳайдаров,         директори Гимназияи давлатии ноҳия

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай