Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Парафшон парчамат поянда бодо!

 

  “Эҳтироми волои  Парчам, Нишон  ва суруди миллӣ,  аз он ҷумла, аз ёд донистани суруди миллӣ шаҳрванди  Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад”.      (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои   давлатии   Ҷумҳурии Тоҷикистон”).

        Парчами миллӣ  ифодакунандаи  орзую ормонҳои  миллати бузурги тоҷик аст, барои ҳамин  месозад, ки  ин  арзиши олии Ватани азизамонро  поку парафшону бегазанд нигоҳ дорем,  то ормонҳои  миллати сарбаланду  фарҳангофари мо  зина ба зина амалӣ  гарданд.

      Парчами рамзи  давлатдорӣ, ваҳдату ягонагӣ  ва иттиҳоди шаҳрвандони ҳар сарзамин    ва муборизаи   онҳо барои  озодию истиқлолият  ба ҳисоб меравад.

    Парчами Тоҷикистон – нишон аз таърихи   чандинҳазорсолаӣ халқи  тоҷик аст. Барои ҳамагон  маълум аст, ки тоҷикон ҳамчун  миллати фарҳангофар  ва соҳиби таърихи   ғани дар давлатдориву  давлатсозӣ  ҳам яке аз миллатҳои  бунёдгузор ба шумор мераванд.

    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  дар сифоти Парчами миллӣ чунин гуфтааст: “Дар парчами кишвари мо   давлат бо иттиҳоду  сарҷамъӣ, нангу номус, ватандориву  ватанпарастӣ, ҳимояи марзу  бум, саъю талош  барои эъмори  ҷомеаи адолатпарвар  ва  нияту  башардӯстии  миллати мо таҷассум  гардидааст.

    Ҳар як фарди баномуси Тоҷикистони соҳибистиқлол бояд хуб  дарк намояд, ки парафшонии Парчами  Тоҷикистон дар ҳар  як гушае  баёнгари мавҷудияти  миллат ва давлати тоҷикистон  мебошад. Ифтихори мардуми тоҷик  мебошад, ки Парчами  милли мо дар пешгоҳи   бинои Созмони Миллали Мутаҳид  ва дигар созмонҳои   бонуфузи   ҷаҳони  парафшонӣ  менамояд.

    Барои ҳар як  тоҷикистонӣ  парчами миллӣ  парчами ному нанг  ба шумор  меравад ва ҳар яки мо, ҷавонони имрӯза ва ҳар як фарди Тоҷикистони  соҳибистиқлол  бояд ҳамеша ба он  вафодор бошем.

     Бо ташаббуси  Пешвои  муаззами  миллат муҳтарам Эмомалӣ   Раҳмон  24 ноябри соли 2009 Рӯзи Парчами  давлатӣ эълон гардида,  аз он сол  инҷониб  ҳамасола, ин рӯзи   муборак дар саросари  кишвари   азизамон бо шукуҳи   зиёд ҷашн  гирифта мешавад.

    Ёдовар мешавем , ки соли  2011 дар шаҳри Душанбе   манораи Парчами  Давлатӣ  бо баландии 165 метр бунёд гардид, ки он баландтарин парчам дар олам маҳсуб меёбад. Соҳибдиле  басо хуб  фармудааст.

                         Тоҷикистон, номи ту то арши  аъло мебарем,

                        Парчаматро  боз боло, боз боло мебарем.

Рӯзи Парчами миллиро ба ҳамаи  ҳамдиёрони гиромӣ  муборакбод мегӯем.

                                           Қурбоналӣ Чиллаев,     директори МТМУ №13

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.