Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Ҷамъомади назоратии назди раис

    Рӯзи 21 ноябр  ҷамъомади навбатии  назди раиси ноҳия  доир гардид, ки он таҳти  раёсати раиси ноҳия сурат  гирифт. Дар ҷамъомад муовинони  соҳавӣ, Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия , мудирони шуъбаҳои  МИҲД-и ноҳия,  роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, маориф, фарҳанг, тандурусти, раисони ҷамоатҳо  иштирок доштанд.

     Раиси ноҳия  доири масъалаҳои аввали ҷамъомад ҳарф зада, аз фаъолияти  масъулони даъвати  тирамоҳӣ  изҳори нигаронӣ  кард  ва дастур доданд, ки масъалаи  мазкур ҳарчӣ тезтар  ҳалли худро ёбад.

   Доири масъалаи ҷамъоварии  маблағҳои андозҳо  барои  моҳи  равон раиси ноҳия муҳтарам Бозоралӣ  Одиназода  ба шахсони   масъули  соҳа супориш доданд, ки  баҳри иҷроиши нақшаи андозҳо чораандешӣ  намоянд.

    Масъалаҳои  дигари  ҷаласа рафти  кишти  тирамоҳии  зироатҳо, тозакунии заминҳо аз ғузапоя, ҷуворимакка;  муайян  намудани масоҳати  заминҳои   боғу токзорҳои  истифоданашаванда ; ҷамъбаст ва пешниҳоди  маълумоти омории  шакли 29 СХ, корбарӣ нисбати  корхонаҳои  саноатии  маҷмӯи  маҳсулотро  кам карда нисбати 10-моҳаи  соли гузашта;  пешниҳоди маълумотҳои оморӣ оиди ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ  ва иқтисодии ноҳия  дар 11 моҳи  солӣ ҷорӣ;  ба итмом  расонидани шакли электронии китобҳои хоҷагии  Ҷамоатҳои  деҳот, пешниҳод намудани  маълумот  оид  ба иҷрои бандҳои  нақшачорабиниҳои барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии  ноҳия, Барномаҳои давлатм  ва стратегияҳо  низ ҳаматарафа ҳаллу фасл  гардида, раиси ноҳия  ба муовинони  соҳавӣ, шуъбаю бахшҳои  мақомот, роҳбари дастгоҳ, роҳбарони ташкилоту  муассисаҳо, раисони ҷамоатҳо, шуъбаи омор,  раёсати кишоварзӣ  дастуру  супоришҳои   қатъи доданд, ки ҷиҳати иҷрои корҳо  тадбирҳо андешанд, маълумот пешниҳод намоянд.

     Масъалаҳои  дигари ҷаласаи назоратӣ омода намудани иншоотҳои ҷашнӣ  дар Рӯзи Парчами  давлатии ҶТ  истифодашаванда;  ташкил ва баргузор  намудани чорабиниҳо бахшида ба  Рӯзи Парчами  давлатии  Ҷумҳурии тоҷикистон, баргузор намудани чорабиниҳои  варзишӣ дар байни  хонандагони МТМУ  бахшида ба Рӯзи  Парчам; иҷрои нақшаи обуна ба рӯзномаю маҷаллаҳои  даврию ҳизбӣ  ҳам дар ҷамъомад  ҳаматарафа  муҳокима  гардида, раиси ноҳия муҳтарам Бозоралӣ   Одиназода   ба  шахсони масъули  соҳа  дастуру  супориш доданд, ки баҳри амалишавии корҳо  чораандешӣ намоянд.

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай