Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Эҳтироми Парчам эҳтироми миллат аст

      Дар Иҷлосияи ХV1 Шўрои Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон, ки  чанде пеш дар кишварамон ҷашни 30-солагии он дар сатҳи баланд таҷлил  гардид,  дар қатори 23 масъалаҳои баррасинамуда, яке аз онҳо  тасдиқи Парчами давлатии Тоҷикистон  ба ҳисоб меравад. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” давлати соҳибистиќлол ва миллати шуҳратманди тоҷик  24 ноябрро ҳамчун  Рўзи Парчами миллӣ қабул карда, онро дар шароити  сулҳу суббот ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, бо дастовардҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ истиқбол менамояд.        Ва боиси хушнудии мардуми Тоҷикистон аст,  ки    имсол баргузории Рўзи Парчами давлатӣ  ба даврае рост омад, ки ҳамагӣ  чанд  рўз пеш мо  ҷашнҳои бузург - Рўзи   Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон   ва 30-солагии Иҷлосияи  ХV1 Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро   бо як шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил намудем. 

Дар  масири  пурпечутоби таърих  миллати  тоҷик вобаста ба ҳадаф ва  маќсадҳои сиёсатҳо намои  парчами  худро дигар  карда  бошад  ҳам, аммо  ҳаргиз онро  аз  даст  надодааст. Аз  соли 1924  то  соли  ба  даст  омадани  Истиқлоли  давлатӣ Парчами  давлатиамон  якчанд  маротиба иваз  шудааст. Боиси хушбахтӣ ва сарафрозӣ аст,  ки маҳз ба  шарофати Истиќлоли давлатӣ  мо тоҷикон  соҳиби парчами миллӣ  гардидем, он  ки дар Иҷлосияи  ХV1 Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасдиқ  гардид.  Низомномаи Парчами ҶТ соли 1992, бори дуюм 12 майи соли  2007 Қонуни “Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”  тасдиқ шудааст.  Он аз се рахи ранги уфуқӣ: сурх, сабз, сафед мутобиқати бару дарози 1:2 аст. Дар байни он тоҷ ва ситораҳо оварда шудааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни яке аз суханрониҳои хеш  дар бораи Парчами  давлатӣ қайд намудааанд: “Мо таҳти ҳамин Парчам ба ваҳдати миллӣ расидем ва он ваҳдату ягонагии моро боз ҳам   мустаҳкам менамояд. Дар зери ҳамин рамзи муқаддаси миллӣ сиёсату созандагию бунёдкориамонро барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум амалӣ мегардонем ва таҳти ҳамин ливо ҷомеаи озоди демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ месозем”.  Пас мо низ ҳамчун як шаҳрванди ин давлати озоди демократӣ  ба қадри ин неъматҳо-озодӣ , ободӣ, истиқлолият ваҳдат ва муқаддасоти миллат бирасем  ва онро арҷ гузорем.

Ифтихормандии бузургеро соҳиб аст мардуми ноҳияамон, ки соли 2018  дар  доираи  татбиќи чорабиниҳои таҷлили ҷашни 30-солагии  Истиќлолияти давлатӣ ва Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии    Тољикистон    дар маркази ноҳия  Парчам ва Нишони давлатӣ бунёд гардиданд. Бунёди  рамзҳои давлатӣ - Нишон ва Парчами давлатӣ дар  маркази  ноҳия шукуҳу  шаҳомати  шаҳракамонро дучанд  зиннат  додааст. Қомат афрохтани  намунаи  ду  муқаддасоти миллӣ  дар ноҳия нишони олии гиромидошт ва  арҷгузорӣ ба  арзишҳои  волои давлатдорӣ буда,  бо итминони  комил  гуфта  метавонам, ки минбаъд  майдони ҳар ду рамзи  муқаддаси миллиамон ҳамчун макони баргузории чорабиниҳои гуногуни  фарҳангиву маърифатӣ дар таҳкими худшиносиву ифтихори миллӣ ва боло рафтани ҳисси ватандўстиву  ватанпарастии    наврасону        ҷавонон,  наќши муассир хоҳад гузошт.

      Бо  шукргузорӣ аз субботу оромӣ ва рушду шукуфої, ки имрўз дар кишварамон ҳукмфармост, Рўзи Парчами миллиро ба  ҳамаи мардуми кишвар табрик   гуфта,  дар ин рўзи  таърихӣ ба  ҳар як  хонадони мардуми  ноҳия ва  ҷумҳурӣ хуррамиву осоиши рўзгор, бахту  саодат  ва  сарбаландиву сарфарозиро  орзу  менамоям.

Маҷидзода Фотима,  мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.