Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Паёми табрикии раиси ноҳия муҳтарам Одиназода Бозоралӣ Неъмат бахшида ба Рeзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Ҳамдиёрони азиз!

           Боиси ифтихор аст, ки зери таасуроти неки чорабиниҳои чанд руз пеш баргузор гардида, яъне Рeзи Президент ва 30- солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрeз низ яке аз санаҳои бароямон бисёр муқаддасу пурифтихор Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки  нишон аз давлату давлатдорӣ, иттиҳоду иттифоқи миллати тоҷик, рамзи қудрату тавоноӣ, ифтихор аз Ватану ватандорӣ ва муқаддасоти миллии мост ва дар худ ормонҳои дирӯзу имрӯз ва фардои дурахшони миллати соҳибтамаддуну шарафманди тоҷикро ифода намудааст, дар фазои ободу озоду орому осудаи кишвар таxлил менамоем. Мақсад аз таҷлили Рўзи Парчам, пеш аз ҳама, мусоидат дар таҳкими шуури сиёсиву ҳуқуқии ҷомеаи Тоҷикистон, бозшиносии ин рамзу нишони ҳастии давлат ва миллат дар миқёси кишварҳои ҷаҳон ба шумор рафта, он ифодагари ору номус, шаъну шараф ва эътибори милливу давлатии тоҷикон буда, муҳаббат ва ифтихор доштани он дар рагу пайванд ва қалби ҳар ватандор маъво гирифтааст.

         Дар ин лаҳзаҳои пурнишоту фараҳбахш бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи Шуморо ба ифтихори ин рўзи фархунда табрику муборакбод гуфта, ба ҳар кадоматон саломативу хушбахтӣ, хонаи обод ва сарфарозию сарбаландї орзумандам.

         Таърихи парчамдории миллати куҳанбунёди мо, ки аз замони Коваи бузург маншаъ мегирад, ҳамчун рамзи сарбаландӣ, муросо накардан ба зулму истибдод, ҳимояи номусу шараф ва мардонагӣ маънидод мегардад. Бо дидану шунидан ва ба забон овардани вожаҳои Ватан, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Забони давлатӣ, Президент, марзу буми Тоҷикистон касро беихтиёр ҳисси меҳанпарастию ифтихор аз Ватану ватандорӣ фаро мегирад ва чунин эҳсосоти гарм, махсусан дар замони соҳибистиқлоли Тоҷикистони азиз, зери мавҷҳои  Парчами давлатӣ боз ҳам фараҳбахшу гуворо ба ҷилва  меоянд. Ҳар гуна давлат бе Парчам ҳастии сиёсии худро муқаррар ва мушаххас карда наметавонад. Аз ин рў, дар тамоми ҷаҳон барои нишон додани симои сиёсии давлат аз парафшонии Парчам истифода мешавад ва ин маънои онро дорад, ки парчам муайянкунандаи мақом, симо ва ҳастии сиёсии давлат ба шумор меравад.

Дар масири пурпечутоби таърих миллати тоҷик вобаста ба ҳадаф ва мақсадҳои сиёсатҳо намуди парчами худро дигар карда бошад ҳам, аммо ҳаргиз онро аз даст надодааст. Аз соли 1924 то ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ, яъне то соли 1991, Парчами давлатии мо якчанд маротиба иваз шудааст. Хушбахтона, ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ тоҷикон соҳиби парчами миллӣ гардиданд, ки он ҳамчун нахустин рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи ХVI сарнавиштсози Шӯрои Олӣ қабул гардид.

        Парчами давлатӣ барои мо тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату ватан, ваҳдату ҳуввият ва дастоварди бузурги миллӣ буда, бењтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар руҳияи ифтихори миллӣ ва арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад.

       Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосии таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. Расидан ба қадри парчами давлатӣ ҳамчун муқаддасоти Ватани соҳибистиқлол – қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа аст. Ва ман фикр мекунам,  ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар шаҳрванди ватандўсту меҳанпарасти кишвар доимо пойдор мебошад.

       Парчамдорӣ шарафмандист. Ҷилваи он моро нерўву илҳом мебахшад, руҳбаланд месозад, дастгирӣ мекунад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумуи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд. Воқеан парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз он ҷумла дар гузаронидани чорабиниҳои расмию ғайрирасмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ҳамчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррузаи ҳар як фарди ҷомеа мавқеъ ва нақши хоси худро доро мебошад. Дар парчами давлатии мо рангҳои сурху сафеду сабз, ки аз покии дили ниёгон, сурхии хуни шаҳидон ва сабзии хати дафтару девони пешиниён маншаъ мегирад, ҳамчун таxассумгари мубориза барои озодӣ ва истиқлол, бахту иқболи сафед, ояндаи дурахшон, сулҳу субот, саъю кушиши ҳамвора баҳри сарсабзию хуррамии кишвар буда, тоҷ ва ситораҳо рамзи ҳокимият, иттифоқии табақаҳои иҷтимоии Тоҷикистон мебошад.

Миллати тоҷик фарҳангофару давлатсоз буд ва ҳаст. Миллатҳое, ки имрӯз қудратро ба даст овардаанд, аз миллати тоҷик сабақи давлатдорӣ-парчамдорӣ омӯхтаанд, ки аз ин бояд ҳар як фарзанди тоҷик фахр намояд. Парчами миллат боиси ифтихор ва нангу номус аст. Дар мусобиқаҳои варзишӣ, ҷашну маросимҳои давлатӣ, қабули сарони давлатҳо ва баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ, албатта, дар ҷойи аввал барафрохтани Парчами миллӣ меистад. Парчами миллӣ метавонад дар тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ифтихор аз Ватану миллат хизмат намояд. Дили мо аз фараҳ пур мешавад, вақте варзишгари тоҷик сазовори ҷойи аввал мегардад ва дар варзишгоҳҳои ин ё он давлат Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барафрохта мешавад. Имрӯз Парчами миллии мо дар қатори парчами дигар кишварҳо дар фарози созмонҳои ҷаҳонӣ парафшон аст, ки мояи ифтихору руҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи мо мебошад. Шоиста аст, ки Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамчун муқаддасот ва рамзи давлату давлатдории миллӣ мавриди эҳтиром ва қадршиносии ҳар як фарди мамлакат қарор бигирад.

         Бо ҳамин ниятҳои нек ва шукргузорӣ аз суботу оромӣ ва рушду шукуфоӣ, ки имрўзҳо дар кишварамон ҳукмфармост, Рўзи Парчами миллиро бори дигар ба ҳамаи Шумо шодбош гуфта, бароятон ба қавли Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Сари ҳамчун парчам баланду рӯи чун парчам сурх, рӯзгори мисли парчам сабзу бахти чун парчам сафед орзу менамоям».

Бигзор, Парчами давлатӣ – парчами фатҳу кушоиш ва саодату сарфарозии миллату давлати тоҷик ҳамеша парафшон бошад!

Рӯзи Парчами давлатӣ муборак бод, ҳамдиёрони азиз!

 

 

          
 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай