Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Тантанаи Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳия

     Имрӯз  дар маркази ноҳия  бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Бозоралӣ Одиназода, муовинони раис, кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ҳифзи ҳуқуқ, маориф, фарҳанг, тандурусти, Мактабӣ варзишӣ, ташкилоту  муассисаҳо, муассисаҳои   таҳсилоти  миёнаи умумии шаҳраки Москва, Коллеҷи тиббии  ноҳия, Омӯзишгоҳи касбию техникии  ноҳия   ба ифтихори  Рӯзи Парчами  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоии  идона баргузор шуда,  аз назди Омӯзишгоҳи  касбию техникӣ тавассути кӯчаи  марказии  маркази ноҳия   аз майдони Исмоили Сомонӣ гузашта, дар саҳни Филармонияи  мардумии  ба номи Одина Ҳошимов бо Парчамҳои  миллӣ саф оростанд. Дар чеҳраи ҳамагон шодию  хурсандӣ  ҳувайдо буд, ҳама дар ин рӯзи  муборак  хурсандӣ  доштанд.

    Варзишгарони навраси Мактаби варзишӣ якчанд  машқҳои   варзиширо ба маҳорати  баланд иҷро карданд.

    Чорабинии идона баъдан дар маҷлисгоҳи Филармонияи  мардумӣ  идома ёфт. Раиси ноҳия , узви Маҷлиси Миллии  Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Бозоралӣ Одиназода  баромад намуда,  ҳамаи сокинони шарафманди   ноҳияро ба муносибати Рӯзи Парчами  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  самимона  муборакбод гуфта , ба ҳамагон рӯзгори нек, иқболи баланд, файзу баракати зиндагӣ  таманно намуданд.

     Дар охири чорабинӣ барномаи ҳунарии ҳунармандони  Филармонияи  мардумӣ  манзури иштирокчиёни ҳамоиши идона гардонида шуд.

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай