Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Ҷаласаи назоратии назди раис

             Бисту ҳаштуми ноябр дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  28 ноябри соли равон таҳти раёсати  раиси ноҳия  муҳтарам Бозоралӣ Одиназода  ҷаласаи навбатии назоратии  назди раиси ноҳия баргузор гардид ва дар ҷаласа муовинони соҳавӣ, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони бахшу шуъбаҳои МИҲД, роҳбарони  ташкилоту муассисаҳо, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, раисони ҷамоатҳо  иштирок доштанд.     Нахуст, масъалаи  умдатарини рӯз, иҷрои нақшаи тирамоҳии  ҷавонон  ба хизмати ҳарбӣ  мавриди баррасӣ қарор гирифт. Раиси ноҳия ба масъулини  даъвати тирамоҳӣ Бодомзода С, Комиссариати ҳарбӣ, раисони Ҷамоатҳо, фаъолон супориши қатъӣ доданд, ки бобати амалишавии нақшаи даъват аз вақти боқимонда (3 рӯзи  ноябр)  дуруст истифода бурда, чораҳои қатъӣ андешанд.

    Масъалаи  муҳимми дигари ҷаласа - иҷроиши нақшаи  ҷамъоварии  маблағҳои андоз  барои моҳи ноябр ва пешниҳоди  нақшаи ҷамъоварии  андоз  барои моҳи декабр буд ва масъалаи  мазкур  ҳаматарафа  муҳокима гардида, раиси ноҳия ҷиҳати иҷрои нақшаи пурраи андоз  барои моҳи ноябр  ба масъулони  соҳа  Орифзода М, Ҳукматов, Расулзода Қ, дастуру супориш  доданд, ки чорандешӣ  намоянд.    Раиси ноҳия   муҳтарам Бозоралӣ  Одиназода доири дигар масъалаҳои ҷамъомад - кишти тирамоҳии  зироатҳо, кишти ғалла тибқи Дурнамои  тасдиқгардида, тозакунии заминҳо аз ғӯзапоя,  кишти  барвақтии  картошка  дар хоҷагиҳои деҳқонӣ аз рӯи нақшаи муайяншуда; баргузори семинари  дастурдиҳӣ  оиди  кишти картошка;  пешниҳоди  маълумоти аниқ дар бораи   бунёду барқарорсозии  боғу  токзорҳо дар Ҷамоатҳои деҳот;  пешниҳоди маълумотҳо  дар бораи  бастани шартномаҳо бо хоҷагиҳои деҳқонӣ,  дар бораи истифодабарии оби полезӣ  барои соли  2023 ба ҳамаи  шахсони масъул, кумитаи идораи  замини ноҳия, Раёсати кишоварзӣ,  раисони АИО, раисони Ҷамоатҳои деҳот ҷиҳати  иҷроиши  корҳо дастуру  супоришҳои  мушаххас  доданд.

       Масъалаҳои  дигари ҷаласа- омодагӣ ба сафари  меҳмонони кореягӣ  ба ноҳия;  омода намудани  иншоотҳои ҷашнии  бо иштироки намояндагон  ва меҳмонон  мавриди истифода  қарор додашаванда;  пешниҳоди маълумотҳо оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳия дар 11-моҳи  соли ҷорӣ;  пайдо  ва безарар  намудани сагҳои дайду дар ҳудуди Ҷамоатҳои  шаҳраку деҳот, иҷрои нақшаи обуна ба рӯзномаю маҷаллаҳои  даврӣ аз рӯйи  дастуру  супоришҳои додашуда ҳам ҳаматарафа мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифта, раиси ноҳия муҳтарам  Бозоралӣ Одиназода  ҳамаи шахсони масъул, роҳбарони  ташкилоту муассисаҳо, муассисаи алоқаи почта, раисони Ҷамоатҳоро  вазифадор  намуданд, ки бобати иҷрои корҳо ва амалишавии  масъалаҳои ҷаласаи назоратӣ чораандешӣ намоянд.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай