Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Сафари кории Раиси вилояти Хатлон ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳия

   Имрӯз сафари  кории  раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода  ва намояндаи  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Сардори КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” муҳтарам Комили Мирзоалӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ оғоз ёфт.

     Дар даромадгоҳи  ноҳия  меҳмононро раиси ноҳия  муҳтарм Бозоралӣ Одиназода  ва муовинони раис самимона истиқбол намуданд.

    Нахуст, меҳмонони гироми,  раиси ноҳия  ва ҳамроҳони ӯ дар даромадгоҳи ноҳия дарахти арча шинониданд.

    Сипас, меҳмонон ҳамроҳи раиси ноҳия  ба аёдати Шоири халқии Тоҷикистон Алимуҳаммад Муродӣ  рафта,  бо ӯ суҳбати самимона ороста,  ба ӯ кӯмаки  моддию  молиявӣ  расониданд  баъдан ҳайати меҳмонон ҳамроҳи раиси ноҳия  ба қисми ҳарбии 0307-и Қушунҳои Сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия буда ташриф оварда,  бо муҳимоти ҷангии Қисми Ҳарби шинос гардида, афсарону сарбозонро табрик намуда барои онҳо дастурзони идона оростанд.

     Сипас, раиси ноҳия ва меҳмонон ба ҷамоати деҳоти Панҷоб рафта  аз Маркази саломатии деҳаи Сайроб  дидан намуданд. Бояд қайд кард, ки  маркази саломатии номбурда  аз тарафи соҳибкорони  маҳаллӣ  таъмиру азнавсозӣ  гардид  ҳамчунин, дар ин деҳа  меҳмонон бо рафти таъмир ва азнавсозии кӯдакистони  деҳа   ошно гардиданд.

     Қобили қайд   аст, ки кӯдакистони мазкур  аз ҳисоби маблағҳои буҷети вилояти Хатлон барои 140 нафар наврас бунёд ёфта истодааст. 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай