Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Баргузории маҷлиси ҷамъбастии соли 2022 ва вазифагузориҳо барои соли 2023

 

Имрӯз дар толори бинои Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошимов Маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023 баргузор гардид.

Дар маҷлиси ҷамъбастӣ раиси ноҳия, Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Бозоралӣ Одиназода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардори КВД “ Роҳи оҳани Тоҷикистон” муҳтарам Комили Мирзоалӣ, намояндаи Ҳукумати вилояти Хатлон Салимзода Давлаталӣ, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, муовини аввал ва муовинони соҳавии раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳ ва мудирони шуъбаву бахшҳои МИҲД-и ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, вакилони Маҷлиси халқи ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ иштирок намуданд.

Кабл аз оғози маҷлиси ҷамъбастӣ меҳмонон аз намоиши дастовардҳои иқтисодию иҷтимоии омодакардаи ташкилоту корхона ва муассисаҳои фарҳангии ноҳия дидан намуданд.

Сипас, раиси ноҳия, Узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Бозоралӣ Одиназода иштироккунандагони маҷлиси ҷамъбастиро ба муҳтавои он шинос намуда, меҳмононро муаррифӣ намуданд.

Дар маҷлис муовини аввали раиси ноҳия Маҳдӣ Орифзода оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023 маърӯза кард.

Сипас, раиси ноҳия аз рўи маърўзаи муовини аввали раиси ноҳия аз роҳбарони ташкилоту муассиса ва дигар сохторҳои ноҳияӣ пурсиш ба амал оварда, барои боз ҳам ҷоннок намудани фаъолияти ҳамаи сохторҳои ноҳиявӣ ба масъулин дастуру супоришҳо доданд.

Дар маҷлиси ҷамъбастӣ аз рўи маърўзаву баромадҳо ва таҳлилҳои ба амал оварда қарори дахлдори маҷлис ќабул ва тасдиқ гардид.

Дар маҷлис намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардори КВД “ Роҳи оҳани Тоҷикистон” муҳтарам Комили Мирзоалӣ баромад карданд. Ӯ дар баромади худ аз вазифаҳои асосие, ки аз Паёми имсола ироанамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, ибрози андеша намуда, сокинони ноҳияро ба корҳои ободониву созандагӣ даъват намуданд.

Дар охир як қатор пешқадамони соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия ва ғолибони озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ барои дастовардҳои меҳнатиашон дар соли 2022 бо Ифтихорномаву Сипосномаҳои раиси ноҳия сарфароз гардонида шуданд.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
И.в раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

И.в раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай