Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Ҷаласаи назоратии назди раиси ноҳия

      Нуҳуми январи соли равон дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷаласаи назоратии назди раиси ноҳия доир гардид ва он таҳти раёсати раиси ноҳия , узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.Дар ҷамъомад муовини аввал ва муовинони соҳавии раиси ноҳия, мудирони бахшу шуъбаҳои МИҲД-и ноҳия, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иштирок карданд.

Дар ҷамъомад даҳ масъалаи муҳими рӯз баррасӣ гардид. Нахуст, масъалаи ҷамъоварии маблағҳои андоз барои моҳи январи соли 2023 мавриди баррасӣ қарор гирифт ва раиси ноҳия ҷиҳати ба роҳ мондани ҷамъоварии маблағҳои андоз ба масъулини соҳа Орифзода М., Ҳукуматов Р., Расулзода Қ., таъкид намуданд, ки тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Сипас масъалаҳои дигари ҷамъомад ба анҷом расонидани шудгори заминҳо, кишти барвақтии картошкаи барвақтӣ аз рӯи нақшаи муайяншуда, баргузор намудани семинари дастурдиҳӣ оиди нигоҳубини боғҳо, ба роҳ мондани кори яхобмонӣ дар заминҳои кишт ва боғҳо, тақсимоти таркиби замин ба хоҷагиҳои деҳқонӣ, шинондани гулу гулбуттаҳо аз рӯи нақшаи муайяншуда низ ҳаматарафа муҳокимаву баррасӣ гардида, раиси ноҳия ба мутасаддиёни соҳаҳо бобати амалишавии кору масъалаҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Масъалаҳои дигари ҷаласа пешниҳоди рӯйхати иншоотҳои ҷашни дар моҳи январ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешудагӣ баргузор намудани маҷлисҳои ҷамъбасти фаъолияти Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва АИО дар соли 2022, ҷалби ҷавонони синни даъватӣ бо курсҳои омӯзиши касби ронандагӣ мавриди баррасии ҷидди қарор гирифта, раиси ноҳия муҳтарам Бозоралӣ Одиназода ба шахсони масъул ҷиҳати иҷроиши корҳо дастуру супоришҳо доданд, ки чораву тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
И.в раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

И.в раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай