Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Дастовардҳо қаноатбахш мебошанд.

     Имрӯз бо иштироки бевоситаи раиси ноҳия муҳтарам Одиназода Бозоралӣ Неъмат, муовини якуми раис ва муовинони соҳавии раиси ноҳия дар толорӣ маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии ноҳия ҷамъбасти дастовардҳои соли 2022-и Ҷамоати шаҳраки Москва натиҷагирӣ карда шуд. Дар кори маҷлис роҳбарони сохторҳои ноҳиявӣ, директорони мактабҳо, клубу китобхонаҳо, раисони маҳалаҳо ва фаъолони Ҷамоат иштирок доштанд.

Нахуст баромади раиси Ҷамоат Моҳшариф Шоахмедова шунида шуд. номбурда зимни баромади худ аз фаъолияти соли рафта ба ҳозирин гузориш пешниҳод намуда қайд карданд, ки дар соли 2022 заҳматкашони Ҷамоат бо якқатор дастовардҳои назаррас ноил гаштанд. Инчунин, зикр гардид, ки пардохти маблағи андозҳо саривақт ҷамъоварӣ ва аз нақшаи пешбинигардида барзиёд пардохт шуданд. Дар ин давра бақияпулиҳои андоз кам карда шуданд. Дар доираи амалигардонии нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ 12 корхонаю коргоҳҳои саноатӣ ба нақша гирифта шудааст, ки соли ҷорӣ 2 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Тибқи нақшаи чорабиниҳо дар соли 2022 дар Ҷамоати шаҳрак бахшида ба 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷашнҳои миллӣдар кўчаи ба номи С.Улуғзода кашида хати барқ, мумфаршкунӣ ва кашидани қубурҳои обгузар дар масофаи 200 метр дар кӯчаи ба номи Қ.Холиқов, хамчунин мумфарнамоии кӯчаҳои Фарҳод, М.Баҳодуров, Ғ.Сафарзода, С.Вализода, Борбади М дар масофаи 3,6 километр азнавсозӣ гардиданд, ки саҳми соҳибкорони маҳаллӣ бағоят калон мебошад. Нисбати дигар дастоварду корҳои ободонии ҷамоат дар соли 2022 сухан рафта, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Баъди баромади раиси Ҷамоат соҳаҳои мухталиф ва бартараф намудани камбудиҳои ҷой дошта аз тарафи раиси ноҳия мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд. Дар интиҳо ҷиҳати бартараф намудани камбудию норасогиҳо ва беҳтар намудани корҳо дар соли ҷорӣ аз тарафи раиси ноҳия муҳтарам Одиназода Б.Н дастуру супоришҳои мушаххас дода шуда, ба фаъолон сипосномаву туҳфаҳо тақдим гардид.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай