Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Маҷлиси назоратии назди раис

                   

    23 январи соли 2023 бо иштироки  и.в раиси ноҳия  муҳтарам Мирзозода   Нурулло  Абдулҳай  ҷаласаи  назоратии назди раис баргузор гардид. Дар ҷамъомад Роҳбари дастгоҳ, муовини аввали раис, муовинони соҳавӣ, мудирони бахшу шуъбаҳои  МИҲД, роҳбарони  ташкилоту муассисаҳо, фарҳанг, маориф, тандурустӣ, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иштирок доштанд.

   Нахуст, масъалаи ҷамъоварии маблағҳои андоз барои моҳи  январ мавриди баррасӣ қарор гирифт ва иљрокунандаи вазифаи раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай  бо шахсони масъули соҳа таъкид намуданд, ки баҳри иҷрои нақшаи ҷамъоварии маблағҳои  андоз тадбирҳои  зарӯрӣ андешанд.

   Ҷиҳати чароғон намудани майдони Парчами миллӣ ва Нишони давлатӣ ба масъулин супориш дода шуд, ки ин масъала ҳарчи зудтар иҷро карда шавад.

    Ҳоло дар мамлакат ва ҳам дар ноҳия фасли сармо ҳукмронӣ дорад. Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия муҳтарам  Мирзозода Н. А. ҷиҳати зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва дигар идораву муассисаҳо гуруҳи корӣ созмон дода шуда, ҳолати зимистогузаронӣ дида баромада шавад.

     Доири масъалаҳои корҳои ободонӣ, гулшинонӣ, ниҳолшинонӣ, тозаву озода намудани гирду атрофи муассисаҳо аз барф раиси ноҳия ба шахсони масъул ҷиҳати амалишавии корҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Масъалаҳои дигари ҷамъомад- тоза намудани  заҳбуру заҳкашҳо, шудгори заминҳо аз масъалаҳои  умдаи рӯз буданд, ки ҷиҳати амалишавии онҳо раиси ноҳия ба муовини соҳавӣ, Раёсати кишоварзӣ, раисони Ҷамоатҳои деҳот дастур  доданд,  ки бобати  иҷроиши корҳо чораҳои зарурӣ андешанд.

    Доири масъалаҳои дигар- омӯхтан ва қонунӣ пешниҳод намудани парвандаҳои  заминсозӣ, назорати ҷиддӣ  ба иҷроиши Барномаи давлати  ва лоиҳаҳо, даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ и.в раиси ноҳия  ба шахсони масъул баҳри амалӣ шудани корҳо супоришҳои мушаххас доданд.

 

 

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай