Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Ҷаласаи назоратии назди раиси ноҳия

          Имрӯз дар толори  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии ноҳия  ҷаласаи назоратии назди раиси ноҳия  доир гардид ва он таҳти  раёсати раиси  ноҳия муҳтарам  Мирзозода Нурулло Абдулҳай ҷараён гирифт. Дар маҷлиси  назоратӣ  муовини аввал, Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, муовинони соҳавӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, маориф, илм, тандурустӣ, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар фаъолон иштирок намуданд.

   Сараввал, ҳисоботи сардори идораи КДФ Обтаъминкунї ва канализатсия шунида шуд ва раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода  Нурулло Абдулҳай ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои мавҷуда, беҳтар намудани таъмини оби нӯшокӣ ба роҳбари идораи  мазкур дастуру тавсияҳои муфид доданд. Ҳамчунин, таъкид карда шуд, ки бе ризоияти  роҳбари МИҲД-и ноҳия роҳҳоро барои  гузаронидани хатти оби нӯшокӣ накананд.

    Масъалаи ҷамъоварии маблағҳои андоз барои моҳи феврал аз масъалаҳои  муҳими рӯз ба ҳисоб меравад ва раиси ноҳия ба масъулини соҳа супориш доданд, ки  нақшаи ҷамъоварии маблағҳои  андоз сари вақт таъмин карда шавад.

    Дар ҷаласа таъкид карда шуд, ки  ҳолати санитарии дӯкону мағозаҳо мавриди санҷиш қарор дода шавад.

   Пешорӯйи  мо ҷашни бузурги  Наврӯзи байналмилалии Наврӯз қарор  дорад ва ин иди миллӣ бояд дар сатҳи баланд истиқбол гирифта шавад. Раиси ноҳия ба масъулини соҳа дастуру супориш доданд, ки бахшида ба Ҷашни Наврӯз  сенарияи махсус мураттаб сохта шавад.

    Масъалаҳои тоза намудани каналу ҷӯйборҳо дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин, тоза намудани партовгоҳҳои бозори марказӣ ва ҳудуди ҷамоати  шаҳрак, ба истифода додани  иншоотҳои  ҷашнӣ ба ифтихори 35- солагии Истиқлоли  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳаматарафа  баррасӣ гардида, раиси ноҳия баҳри  амалишавии масъалаҳо ба шахсони масъул дастуру маслиҳатҳои   муфид доданд.

   Ҳамзамон, таъкид карда шуд, ки ҳисоботҳои  моҳонаи роҳбарони ташкилоту муассисаҳо  то 25 феврал  пешниҳод  карда шавад.

   Раиси ноҳия  муҳтарам  Мирзозода Нурулло Абдулҳай ба муовини раиси ноҳия  Исҳоқӣ Ҳусния, бахши маънавиёт ва дигар шахсони масъул супориш доданд, ки шиору овезаҳо ба истиқболи 23 феврал- Рӯзи Артиши  миллӣ, 8 март, Ҷашни Наврӯз насб карда шавад.

     Доири масъалаҳои  дигари рӯзнома  ҳолати тозагию санитарии Бозори марказӣ, омодагиҳо барои даъвати баҳорӣ низ аз масъулин пурсиш ба амал оварда шуда, раиси ноҳия шахсони масъулро сахт вазифадор намуданд, ки бобати иҷроиши корҳо тадбирҳои зарурӣ  андешанд.

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай