Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Артиши миллӣ- мактаби мардонагӣ

    Имрӯз дар қисми ҳарбии 0307-и Қушунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30- солагии таъсисёбии он чорабинии тантанавӣ бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ афсарону сарбозон, афсарони мустаъфӣ, намояндагони бахшу шуъбаҳои МИҲД-и ноҳия, Шӯрои собиқадорони ноҳия баргузор гардид.

Сараввал, Суруди миллӣ хонда шуд, баъдан иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай дар чорабинӣ суханронӣ намуда, сарбозону афсарони қисми ҳарбии номбурда ва ҳозирбудагонро ба муносибати ин ҷашни муборак самимона табрику таҳният гуфта, ќайд намуд, ки; “Таъмини бехатарӣ, амнияти давлат, ҳимояи марзу бум ва сулҳу субот дар кишвар аз артиши миллӣ вобаста аст. Имрӯз бо боварӣ метавон гуфт, ки Артиши миллии Тоҷикистон бо нерӯи бузург ва омодагии ҳамаҷониба марзу буми кишварро аз ҳаргуна амалҳои нопоки душманон ҳифз менамояд”

Баъдан, аз тарафи бахши кор бо занон дар ҳамбастагӣ бо ҷамоати шаҳраки Москва вохӯрии занону модарони фаъоли ноҳияро бо сарбозон ташкил намуда, аз ҷониби онҳо нону кӯлча, мевагиҳо маводи хӯрокворӣ ба сарбозону афсарон пешниҳод карда шуд.

Сипас, ҳамчун рамзи эҳтирому садоқатмандӣ ба қисми ҳарбӣ расми Пешвои муаззами миллат бо яке аз афсарони ҳамин қисми низомӣ аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия туҳфа гардид. Бояд қайд намуд, ки чорабинии мазкур бо ибтикори бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия баргузор гардида, аз тарафи бахш як қатор туҳфаҳо ва лавозимоти варзишӣ ба сарбозону афсарон тақдим шуд. Дар идомаи чорабинӣ фаъолону пешсафони қисми ҳарбӣ бо ифтихорномаҳо сарфароз гардиданд. Дар интиҳо аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия барои болидарӯҳии сарбозону афсарон чорабинии фарҳангӣ доир шуд.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай