Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - СИПАРИ БО ЭЪТИМОДИ ВАТАН

         Имрӯз дар дар толори Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошим ба муносибати Рўзи Артиши миллӣ чорабинии идона баргузор гардид.

Нахуст, дар майдони  назди Филармонияи мардумӣ гуруњи хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия саф ороста, машқҳои гуногуни  ҳарбиро иҷро намуданд, ки мақбули иштирокчиёни  ҷамъомади тантанавӣ гардид.

         Дар чорабинии идона иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай, муовинони раис, Роҳбари дастгоҳ, мудирони бахшу шуъбаҳои МИҲД-и ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳо, афсарону сарбозони  қисми ҳарбии 0307, Шӯрои собиқадорон ва фаъолон иштирок доштанд.

 Раиси ноҳия  бо маъруза баромад карда, ҳамаи иштирокчиёни чорабинии идонаро ба ифтихори  Рӯзи  Артиши миллӣ ва  30- солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.

        Сипас, аз тарафи раиси ноҳия ба як қатор роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, афсарону сарбозон ва хонандагони фаъол ифтихорнома ва дигар туҳфаҳои хотирмон тақдим карда шуд.

 Гуруҳи ҳунармандони Филармонияи мардумии ноҳия хотири иштирокчиёни  чорабиниро бо рақсу таронаҳои дилошӯби худ мафтун гардониданд.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай