Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Ҷаласаи назоратии назди раиси ноҳия

           Имрӯз 6 марти соли 2023 дар толори  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии ноҳия  ҷаласаи назоратии назди раиси ноњия таҳти  раёсати раиси  ноҳия муҳтарам  Мирзозода Нурулло Абдулҳай ҷараён гирифт. Дар маҷлиси  назоратӣ  муовини аввал, Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, муовинони соҳавӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, маориф, илм, тандурустӣ, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар фаъолон иштирок намуданд.

   Сараввал, ҳисоботи раиси Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод  шунида шуд ва раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода  Нурулло Абдулҳай ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо, дуруст ба роҳ мондани корҳо, назорати ҷиддӣ ва самаранок истифода намудани заминҳо, иҷрои наќшаи Дурнамо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ, сариваќт тоза намудани каналу ҷуйборҳои байни хоҷагиҳо тариқи дастӣ  ба раиси Ҷамоат дастуру тавсияҳои муфид доданд.

    Масъалаи ҷамъоварии маблағҳои андоз барои моҳи март аз масъалаҳои  муҳими рӯз ба ҳисоб меравад ва раиси ноҳия ба масъулини соҳа супориш доданд, ки  нақшаи ҷамъоварии маблағҳои  андоз сари вақт таъмин карда шавад.

      Оид ба масъалаи баргузории шанбегӣ аз тарафии ташкилоту муассисаҳо гузориши муовини раиси ноҳия Бодомзода С.К., шунида шуд ва раиси ноҳия таъкид доштанд, ки то фарорасии  ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳар ҳафта рўзҳои шанбе ҳашарҳои дастаҷамъона баргузор карда шавад.

    Масъалаҳои тоза намудани каналу ҷӯйборҳо дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин низ мавриди таваҷҷуҳи раиси ноҳия қарор гирифта, ба масъулин дастуру супоришҳои ҷиддӣ доданд.

    Ҳамчунин, масъалаи сафари кории Сарвазири мамлакат муҳтарам Қоҳир Расулзода  мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, раиси ноҳия аз тамоми фаъолон даъват ба амал овард, ки корҳои ободонӣ, гулшинонӣ ва ташкили ҳашарҳои дастаҷамъона  дар назди иншоотҳои  ҷашнӣ  баргузор карда шавад.

   Раиси ноҳия  муҳтарам  Мирзозода Нурулло Абдулҳай ба муовини раиси ноҳия  Исҳоқӣ Ҳусния, бахши маънавиёт ва дигар шахсони масъул супориш доданд, ки шиору овезаҳо ба истиқболи  8 март, Ҷашни Наврӯз дар назди идораҳои ҳар як ташкилоту муассиса насб карда шавад.

     Доири масъалаи  дигари рӯзнома  омодагиҳо барои даъвати баҳорӣ аз масъулин пурсиш ба амал оварда шуда, раиси ноҳия шахсони масъулро сахт вазифадор намуданд, ки бобати иҷроиши корҳо тадбирҳои зарурӣ  андешанд.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай