Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Таҷлили Рӯзи модар

       Ба ифтихори Рӯзи Модар дар Филармонияи мардумии ноҳия ҳамоиши идона баргузор гардид, ки дар он фаъолзанони касбу кори гуногун, собиқадорони меҳнат ва собиқадорони соҳаи хизмати давлатӣ   ширкат намуданд.

         Нахуст, дар саҳни Филармония намоиши дастранҷи занони соҳибкор, ҳунарманд  ба маърази тамошо гузошта шуд.

Раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай бахшида ба Рӯзи Модар бо сухани табрикӣ баромад намуда, ҳамаи иштирокчиёнро табрик намуда,  аз нақши Зан-Модар дар рушди ҷомеа ва ободониву пешрафти ноҳия дар солҳои охир  ёдовар гардида, қайд карданд, ки   бо шукӯҳи хосса ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишонаи таваҷҷуҳ ва эҳтироми хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Зан- Модар мебошад. Имрўзҳо давлат ва Ҳукумати мамлакат нисбат ба мавқеи Зан- Модар таваҷҷӯҳи махсус равона намуда, онҳоро  ҳамчун неруи бузургу созанда дар ободии кишвар, таълимдиҳандаи фарзандони солеҳ, такягоҳи эҳсоси баланди худшиносию худогоҳӣ ва ифтихори баланди ватандорӣ  маънидод менамоянд.

 Ҳамчунин, дар ин рӯз ба як қатор занону бонувони фаъол Сипоснома ва дигар тӯҳфаҳои раиси ноҳия тақдим шуд.

         Дар чорабинии идона Ҳунарманди шоистаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сурайё Қосимова иштирок ва бо барномаи консерти хотири иштирокчиёни чорабиниро шод намуд.

          Кормандони бахши  фарҳанги ноҳия  бо барномаи идонаи омоданамудаи худ ба иштирокчиён ғизоӣ маънавӣ бахшиданд.

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай