Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Баррасии масъалаҳои муҳим ( аз ҷаласаи назоратии назди раиси ноҳия)

         Дар ҷаласаи назоратии назди раиси ноҳия, ки рӯзи сездаҳуми март дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия баргузор шуд, як зумра масъалаҳои ҳалталаби рӯз мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷаласа таҳти раёсати иҷрокунандаи раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай гузашт.

Дар ҷамъомад муовини аввал, муовинони соҳавӣ, Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони бахшу шуъбаҳои М.И.Ҳ.Д, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, маориф, илм, тандурустӣ, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иштирок доштанд.

Нахуст, масъалаи ҷамъоварии маблағҳои андоз барои моҳи март баррасӣ гардид ва раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай ба масъулини соҳа дастуру супориш доданд, ки барои иҷроиши нақшаи андоз тадбирҳои судбахш андешанд.

Баъдан, дар ҷамъомад ҳисоботи мудири бахши фарҳанги М.И.Ҳ.Д-и ноҳия Анушервон Абдуҷабборзода шунида шуд. Баъди шунидани ҳисобот ба мудири бахши фарҳанг доири фаъолият, кормандони он аз тарафи раиси ноҳия пурсиш ба амал оварда шуд ва раиси ноҳия барои бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда дар кори кормандони бахш, ташкил намудани гуруҳи рақсӣ, нав кардани барномаи ҳунарӣ, ҷоннок намудани фаъолияти китобхонаҳо ба мудири бахши мазкур дастуру тавсияҳои судбахш доданд.

Доири масъалаҳои дигари ҷаласа- дар сатҳи баланд таҷлил намудани Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, баргузории ситоди мудофияи ҳудудӣ дар ташкилоту муассисаҳо, баррасии муроҷиятҳои шаҳрвандон дар маҳалаҳо, таҳти назорат қарор додани кишти зироатҳои кишоварзӣ дар ҳамаи Ҷамоатҳо; обёрии ниҳолу дарахтони навшинондашуда, аёдати собиқадорони меҳнат дар арафи Ҷашни Наврӯз низ раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай ҳамаи роҳбарону шахсони масъулро баҳри амалӣ шудани масъалаҳои ҷаласа вазифадор намуданд, ки бобати иҷроиши корҳо чораҳои мушаххас андешанд.

Дар мавриди даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ раиси ноҳия ба ҳамаи шахсони масъул таъкиди сахт намуданд, сари масъалаи мазкур ва иҷрои нақшаи даъват чораҳои дахлдор андешанд.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай