Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Гули Лола дар майдони Парчам ва Нишони давлатӣ мешукуфад.

      Обод, тозаю озода ва сарсабзгардонии гирду атрофи ҳар ташкилоту муассиса, саҳни биноҳои маъмурӣ барои мардуми шарафманди тоҷик кори муқаррарӣ маҳсуб ёфта, ҳар сол бо омад- омади фасли зебои баҳор мавсими гулшинонӣ фаро мерасад.

Имрӯз бо дастури раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай дар гирду атрофи биноҳои маъмурии МИҲД-и ноҳия, шуъбаи омор, молия ва майдони Парчаму Нишони давлати садҳо дона гулҳои садбарг, лола ва дигар навъи гулҳо шинонида шуд, ки айни ҳол гули лола шукуфта, ба ҳусни майдони назди мақомот ҳусни тоза зам намуд. Аз дидани гулҳои лола ва садбарг табъи бинанда хеле шод мегардад. Бошад, ки дигар идораву муассисаҳо ва мактабҳо низ саҳни биноҳои худро сарсабз гардонда, ба як гулистони воқеӣ табдил медоданд.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай