Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - МУЛОҚОТ БО ФАЪОЛОН

       Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокмияти давлатии ноҳия вохурии навбатии раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай бо сокинон ва фаъолони ҷамоати шаҳраки Москва доир шуд. Дар мулоқот Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, сардори шуъбаи КДАМ ҶТ дар ноҳия, мудирони бахшу шуъбаҳои дахлдор, кормандони дастгоҳи Ҷамоати шаҳрак, директорони мактабҳо, боғчаҳо, имомхатибони масчитҳо, раисони маҳаллаҳо ва фаъолону сокинони Ҷамоат ширкат варзиданд.

       Нахуст, раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Н.А., худро ба ҳозирин муаррифӣ намуда, ба сухан баромад. Дар рафти мулоқот раиси ноҳия доир ба дастовардҳои даврони истиқлолияти мамлакат баромад карда, иброз доштанд, ки: “ Рӯз то рӯз дар ноҳия корҳои ободонию созандагӣ мароми тоза касб карда, сокинони ноҳия дар раванди корҳои ободонию созандагӣ, бунёдкорию тозагӣ саҳми хешро гузошта истодаанд. Ҳамчунин, дар ноҳия бо ташаббусҳои наҷибонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити таҳсилу иломӯзӣ рушд карда, то имрӯз даҳҳо мактабу дабистонҳои наву замонавӣ сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд”. Дар идомаи баромадашон раиси ноҳия доир ба фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ сухан карда иброз доштанд, ки: “ Дар чунин шароити ҳассос ҳар як узви ҷомеа бояд бошуурона дарк намояд, ки раванди ташаккул ва рушди эҳтимолияти равандҳои сиёсӣ, мақсади ниҳоии ҳар шакли муборизаи мафкуравӣ ин ноил шудан ба ҳадафҳо ва мақсадҳо аст. Бегонагон бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, моро аз ҳувияти миллии хеш раҳонда, қабули мафкураи дигарро дар мағзи идрок ва шуури ҳамватанон, бахусус ҷавонони мо ҷой диҳанд. Аз ин лиҳоз, ҳар як ҳамватан, падару модарро зарур аст, ки пеши роҳи шомилшавии фарзандонро ба гуруҳҳои ифротиву бегонапарастӣ гирифта, ба онҳо таълиму тарбияи дуруст диҳанд”.

Дар тақвияти суханҳои раиси ноҳия Сархатиби ноҳия, қорӣ Иброҳим Маҳмудов ба сухан баромада, дустдоштани Ватан ва хизмати содиқонаю софдилонаро аз рӯи оётҳои Қуръон ва ҳадисҳои набавӣ тахлилу тафсир намуданд.

Дар анҷоми мулоқот аз тарафи иштирокчиён баромадҳо доир шуда, фикру ақидаҳои хешро нисбат ба масъалаи терроризму экстремизм баён доштанд.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай