Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Ҷашни рўзи Истиқлолияти давлатӣ

      Имрӯз дар боғи фарҳангии ноҳия ба истиқболи 27-умин солгарди Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти  ноҳия,  намояндагони  ташкилоту  муассисаҳо,  идораҳо,  Ҷамоатҳои  шаҳраку   деҳот,  омўзгорону   толибилмони  муассисаҳои  таҳсилоти   миёнаи  умумӣ, таҳсилоти  ибтидоӣ  ва   миёнаи  касбӣ  чорабинии  тантанавии   фарҳангиву   маърифатӣ  доир  гардид. Қабл   аз  оғози   чорабинӣ намояндагону   меҳмонон   дар   макони   баргузории   он    аз намоиши ҳунарҳои   мардумӣ,  аз   қабили   чакандўзӣ,  гулдўзӣ,   бофандагӣ,  ҷуроббофӣ,   адрасбофӣ,   ҷиҳози   арусӣ,  кандакорӣ,  чубкорӣ,  оҳангарӣ,  сабадбофии  ҳунармандони  ҷамоатҳои  шаҳраку  деҳот,  корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ, намунаи  дастоварду  ихтироъкориҳои   хонандагони  муассисаҳои  таълимӣ ва  ҳунару  маҳорати варзишии дастпарварони  навраси мактаби  варзишии  ноҳия дидан   намуданд.

       Сипас, дар  назди  ҳозирин  раиси  ноҳия  Одиназода  Бозоралӣ  Неъмат нутқи пурмуҳтаво  намуд.  Мавсуф зимни суханронии  табрикӣ  бо назардошти  суханҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқлолияти давлатии  Тоҷикистонро беҳтарин ва пурарзиштарин  неъмат дар таърихи  муосири миллати  куҳантамаддуни  тоҷик  арзёбӣ намуда, аҳли иштирокчиёни  чорабинӣ ва кулли мардуми ноҳияро   ба солгарди 27-умин дастоварди олӣ табрику таҳният гуфтанд.   

        Инчунин, дар чорабинии тантанавӣ  намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон Комил Мирзоализода-сардори Корхонаи воҳиди давлатии  «Роҳи  оҳан»-и Тоҷикистон, Су Бао Бао  - раиси Шўрои директорони ҶСП “Ҷунтай-Данғара-Син Силу Текстил” баромад карданд.

       Дар  чорабинӣ муовини раиси Кумитаи рушди мањалли назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоилзода Ёқуб, сардори идораи Тоҷикстандарти минтақаи Кўлоб Гулмаҳмадзода  А. ширкат  доштанд.

        Дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳия ва Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон  дар рафти баргузории Барномаи  театрикунонидашудаи  фарҳангӣ намоиши васеи либосҳои омоданамудаи донишҷўёну  омўзгорони Донишкадаи мазкур ба  роҳ монда шуд, ки бо завқи баланди эстетикию зебоипарастӣ тарҳрезишуда буданд.

           

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

image
Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

image
Одиназода Бозоралӣ Неъмат

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ