Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Вохӯрии вакили мардумӣ бо аҳли ҷамоатчигӣ

     /11.09.2018/ Имрӯз дар деҳаи Сафедоби Ҷамоати деҳоти Панҷрўд вохурии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинаев Ҳаёт ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода бо раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, раисони кумитаи маҳаллаҳо, фаъолону омўзгорони ин Ҷамоат баргузор гардид.

         Одинаев Ҳаёт дар бораи сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи Пешвои миллат, Президети мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар бораи аз 1.09.2018 зиёд намудани музди маоши кормандони соҳаи бучавӣ, стипендияи донишҷўён ва  нафақа бо ҷамъомадагон суҳбат намуд.

         Раиси  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, дар бораи баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар мавриди хатари терроризму экстремизм ба мақсади пешгирӣ аз ҷалби шаҳрвандон ба ташкилотҳои экстремистю террористӣ   суханронӣ кард.

         Дар охир аз тарафи кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадоӣ ба ҷамъмадагон маводҳои таблиғотӣ тақсим карда  шуд.

 

 

 

image
Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

image
Одиназода Бозоралӣ Неъмат

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ