Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Дар Ҷамоати деҳоти Панҷоб вохӯрӣ доир гардид

       /11.09.2018/ Дирӯз оид ба иҷрои нақша-чорабиниҳо барои нимсолаи дуюми соли 2018 бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ Давлатҷон Ғаффорзода бо аҳолии деҳаи Сайроби Ҷамоати деҳоти Панҷоб вохурӣ гузаронида шуд. Дар вохурӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинаев Ҳаёт иштирок ва суханронӣ карданд. Давлатҷон Ғаффорзода дар бораи соли 2018 эълон гардидани соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дар бораи огоҳонидани сокинони кишвар аз паёмадҳои хатаровари фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ ва фаъол гардонидани аҳолӣ дар мубориза бо онҳо бо ҷамъомадагон суҳбат намуд. 

      Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинаев Ҳаёт аз ҳунарҳои мардумии чирадастони деҳаи Сайроб аз наздик шинос шуданд.

     Ҳунармандони Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошимови ноҳия ҳозиринро бо рақсу сурудҳои дилошубу дилангез шод гардониданд.

 

 

 

 

 

image
Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

image
Одиназода Бозоралӣ Неъмат

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ