Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Хиёнатпешагӣ нишонаи мунофиқон аст

   Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

          Мо як гурўҳ имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта аз расонаҳо огаҳ шудем аз ин имзои созишномае, ки онҳо ҳамчун гурўҳи опозитсияи бо ҳам имзогузори карда бошанд, ки ин созмони навбатии онҳо ҷунбиши ислоҳот ва рушд Анҷумани озодандешони тоҷик ва Анҷумани муҳоҷирони Осиёи марказӣ ба таври масхараомез байни худ созишнома имзо карданд ва иттиҳоде ба номи «Паймони миллии Тоҷикистон» таъсис доданд. Ташкилоти экстремисти ва террористии Ҳизби Наҳзати Исломӣ аз хиёнатҳои худ шарм накарда боз даст ба хиёнатҳои навбати мезанад. Тақвияти ин гуфтаҳо бар ин аст, ки ин гурўҳ дар давлати Полша аз номи чаҳор гурўҳи мухолиф сухан мегўянд, ки ҳамагӣ намояндагони ин ҳизбанд. Муҳиддин Кабирӣ, Алим Шерзомонов, Шарафуддин Гадоев ва Илҳом Ёқубов ҳамаги узви ТТЭ ҲНИ ҳастанд. Худованди мутаол мефармояд: «Иналмунафиқина фи дарки асфали минан нор» . Ин, ки мунофиқон дар пастарин ошёнаи дузах ҳастанд. Пайгамбари Худо дар ҳадисе мефармояд: Оятул мунофиқи салосун изо ҳадаса казаба ва изо ваъда ахлафа ва изаътумина хона. Нишонаи мунофиқ се аст, ҳарчӣ гоҳе сухан гўяд дуруғ мегўяд ва ҳарчӣ гоҳе ваъда кунад хилоф мекунад ва амонат гузошта шавад хиёнат мекунад. Модоме, ки Худо ва Пайғамбар мунофиқсуратонро ин гуна ишора мекунад пас вой бар ҳоли ин гуна мунофиқпешагӣ. ТТЭ ҲНИ ҳоло ҳам хаёл мекунад, ки мардуми тоҷикро ду бора мефиребанд, аммо намедонанд, ки Пайғамбари Худо дар ҳадисе мефармояд; «Ло июлдағул муъмину минҷуҳрин маратайн». Мумини ҳақиқи ва воқеъи аз як сурохӣ ду бор газида намешавад. Аз ин хотир ин фитнаҳои навбатии Шумо ҳамеша барбод дода мешавад. Имрўзҳо мардум Сарвару роҳбари хешро пазируфтааст. Тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал карда истодаанд. Дар баробари дигар сохторҳои ҷамъиятӣ инчунин имомхатибон саҳмгузори ин ҷомеа буда  масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта фаъолият доранд. Бинобар ин бузурге хуб мегўяд;

                                   Қуввати неки надорӣ бад макун!

                                   Бар вуҷуди худ ситам беҳад макун.

Бо эҳтиром:

Маҳмудов Иброҳим

Кувватов Маҳдӣ

Бобоев Фатҳиддин

Садриддинов Суҳроб

Исмоилов Сафаралӣ

Саъдуллоев Абдуразоқ

Шодиев Ғарибулло

Аюбов Маҷид

Хотамов Амирхон

Маҳмадов Муҳибулло

 

image
Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

image
Одиназода Бозоралӣ Неъмат

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ