Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Истиқлолият яке аз муқадастарин арзишҳои миллат

     Дар маҷлисгоҳи Маркази саломатии ноҳия бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони МО Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинаев Ҳаёт ва Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Давлатали Ғаффорзода вохури бо табибону кормандони беморхонаи маркази ва маркази саломатии ноҳияи Ҳамадонӣ баргузор гардид. Вакили мардуми Одинаев Ҳаёт дар бораи рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ва ҳадафҳои олии созандагию бунёдкории роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи ҷашни фархундаи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муҳим бояд аз бештара тақвият дода шавад, суханрони кард.

     Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Д. Ғаффорзада дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дар бораи 10 солаи “Об барои рушди устувор” солҳои 2018 – 2028 ва дар бораи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси Муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон бо ҷамъомадагон суҳбат намуд.

      Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии беморхонаи маркази Ҷурахон Малиқоев дар бораи баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шаҳрвандон ба мақсади пешгири аз бемориҳои сирояти бо ҷамъомадагон хониши сиёси гузаронид.

      Кормандони масъули КИ ҲХДТ дар ноҳия Гадои Сайдалив ва Саидҷалол Ҷалилов ба табибону кормандони беморхонаи маркази ва маркази саломати маводҳои таблиғоти аз қабили: оиномаи Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон, Маҷлиси КИМ ҲХДТ аз 16 02 2018, ва китоби КИВ “Каъбаи умеди мо халқ асту бас” ва ҳамзамон нишонаи сари синаги Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро супориданд.

 

 

 

image
Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

image
Одиназода Бозоралӣ Неъмат

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ