Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ТАҲКИМИ РАВАНДИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

       Дар деҳаи Ҳаёти нави Ҷамоати деҳоти Чубек чорабинии фарҳанги – сиёсӣ бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинаев Ҳаёт,  муовини раиси ноҳия Тағоймуродзода Санифа ва раиси КИ ҲХДТ дар н. Ҳамадонӣ  Д. Ғаффорзода баргузор гардид. Сараввал меҳмонон аз маҳсули дасти ҳунармандони деҳаи Ҳаёти нав дидан намуданд. Вакили мардуми дар бораи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомали Раҳмон бо ҷамъомадагон суҳбат намуд. Одинаев Ҳаёт фармони Президенти кишварро дар бораи 01 09 2018 зиёд намудани музди маоши кормандони соҳаи буҷави ва нафақа шарҳу тавзеҳ дод.

Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи  Ҳамадонӣ Д. Ғаффорзода дар бораи соли 2018 эълон гардидани “Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардуми” ва таҳкими ваҳдати миллӣ, дар амал татбиқ намудани интизориҳои  соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардуми ва сафарбар кардани сокинони маҳал ба бунёдкорию созандаги суханрони кард. Кормандони масъули КИ ҲХДТ дар ноҳия ба ҷамъомадагон маводҳои ташвиқотию таблиғоти супориданд.

Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия ба 4 нафар аъзоёни фаъоли Ҳизб барои иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъияти ва чорабиниҳои сиёсӣ – фарҳангии ноҳия бахшида ба “Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардуми” Сипосномаи КИ ҲХДТ супорид.

Дар охири ҷамъомад ҳунармандони Филармонияи мардуми ба номи Одина Ҳошимов хотири ҷамъомадагонро бо сурудҳои дилошуби худ шод гардониданд.

 

 

 

image
Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

image
Одиназода Бозоралӣ Неъмат

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ