Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Натиҷаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия дар нуҳ моҳи соли 2018 ҷамъбаст гардид

        Дирӯз, 5 октябри соли равон дар толори Раёсати молияи ноҳия Маҷлиси васеи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба натиҷаҳои рушди  иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия дар 9-моҳаи соли 2018 баргузор гардид.

        Дар маҷлис роҳбарони ҳамаи сохторҳои маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, аз ҷумла муассисаҳои соҳаҳои иҷтимоӣ, намояндаҳои иттиҳодияҳои диннӣ, ҳизбҳои сиёсии дар ноҳия фаъолияткунанда иштирок доштанд.

       Аз рӯи масъалаи мазкур муовини раиси ноҳия Санифа Тағаймуродзода маърӯза кард.

      Дар кори маҷлис намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, мудири бахши фарҳанги вилоят дар минтақаи Кӯлоб

Х. Тоиров иштирок дошт.

      Маҷлисро раиси ноҳия муҳтарам Б. Одиназода ҷамъбаст намуда, барои бартараф намудани камбудиҳое, ки аз рӯи ҷамъбасти натиҷаҳои кори соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва истеҳсолӣ ба миён омаданд, ба масъулини Дастгоҳи раиси ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ ва сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

 

image
Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

image
Одиназода Бозоралӣ Неъмат

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ