Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Табрикномаи раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ муҳтарам Одиназода Б.Н. бахшида ба Рўзи омўзгорон

      Муҳтарам омўзгорони ноҳия!  Фарорасии ҷашни фархундаи аҳли маориф- Рўзи омўзгорро ба Шумо ва дар шахси Шумо тамоми аҳли маорифи ҷумҳуриро бароятон самимона табрику таҳният мегуям. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо омўзгор воқеан ҳам мақому мартабаи баланд дорад ва бархурдор аз эҳтирому эътиқоди ҳамагон аст. Воқеан ҳам омўзгор шоиста ба ҳама гуна ситоишу гиромидошт аст ва дар ҷомеа рисолати бузургеро дорост. Ҳақиқатан ҳам иди касбии Шумо ба иди умумихалқӣ табдил ёфтааст. Ҳар яки мо хонанда будему дар хотирамон муаллим ва устоди дустошта боқӣ мондааст ва ин меҳрро дар қалби худ нигоҳ доштаем. Асоси касби омўзгорӣ ин ибтидои эҷодкорӣ аст. Маҳз ҳамин эҷодкорӣ ба педагог имконият медиҳад, ки ҳар дафъа аз  якҷоя бо шогирдон ҷаҳонро аз нав омўхта онро эҳсос ва дарк кунанд.Тарбияву таълими наврасону ҷавонон- созандагони фардо дар руҳияи ватандўстию сулҳпарварӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, худогоҳию хештаншиносӣ ва дўстию созандагӣ аз муҳимтарин ва пуршарафтарин вазифаҳои ў ба шумор мераванд. Мақому эътибори омўзгор дар ҳама гуна давру замон, новобаста аз шебу фарозу бурду бохти рўзгорон ҳеҷ гоҳ коҳиш наёфтаасту халалдор нашудааст. Соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони маҳбубамон ба боз ҳам боло рафтани мартабаи омўзгор ва мавқеи ҷамъиятии мусоидат кард. Далели арҷгузорӣ ба фаъолияти пурбаракати устодон аст, ки дар ҷумҳуриамон Рўзи омўзгор муқаррар шудааст ва ҳамасола дар якшанбеи нахустини моҳи октябр таҷлил мешавад.

    Заҳмати омўзгор дар назди давлат эътибори бузург дорад. Қабули Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Стандартҳои таҳсилот барои ҳамаи муассисаҳои таълимӣ, қабули Низомномаҳо, таваҷҷуҳ ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, интихоби бетарин роҳҳои таълим  дар ҳамаи ҳзинаҳои таҳсилот, бунёду таъмири  мактабҳо, ҳамасола  баланд шудани музди меҳнати омўзгорон, қадршиносии аҳли таълиму тарбия бо ҷоизаҳои давлатӣ ва мукофотҳои соҳавӣ аз ҷумлаи омилҳои муассиреанд, ки бо мақсади дастгирии омўзгорон ва таҳким бахшидани шариоити фаъолияти онҳо равона карда шудаанд.

   Равандҳои ҷаҳони муосир ва масъулият барои имрўзу фардои миллат дар назди омўзгорон вазифаҳои боз ҳам бештар масъулиятнокро  мегузоранд. Омўзгоронро мебояд, ки ҳмеша ҳамқадами замон бошанд, сатҳу сифати таълимро боз ҳам баланд бардоранд, усулҳои фаъоли таълимро корбаст намоянд ва барои ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ кардани  сатҳи таҳсилот дар ҷумҳурии азизамон кушуш ба харҷ диҳанд.

   Бигузор хеҷ гоҳ дар қалби омузгор ҳиссиёти меҳрубонӣ, хирадмандию заковат  ва шўълаи садоқат ба касбаш хомуш нашавад. Ба Шумо ба муносибати иди касбиатон, омўзгорони азизи ноҳия,  саломатии бардавом, саодатмандӣ, сабурӣ ва боварӣ ба ояндаи дурахшон, бурдбориҳо дар фаъолияти  пурифтихоратон орзў менамоям.

   Эътимоди комил дорам, ки омўзгорони ноҳияи мо мутобиқ ба ин ҳама талаботу руҳияи даврон фаъолияти худро пайваста тақвият мебахшанд ва дар самти амалисозии ҳадафҳои стратегии кишвар саҳми босазо мегузоранд.

   Иди касбиатонро бори дигар табрик мегуям, омўзгорони собитқадаму хирадманди ноҳия.

image
Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

image
Одиназода Бозоралӣ Неъмат

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ