Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Вохӯрии раиси ноҳия бо яке аз собиқадори ҷангу меҳнат

      Имрӯз ба ноҳия раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Кӯлоб Бекматов Мирзо бо мақсади шиносоӣ ва омӯзиши фаъолияти Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия ташриф овард. Мавсуф аз фаъолияти Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия, ки раисиашро Раҳимов Шариф ба уҳда дорад шинос шуда, изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷиҳати амалигардонии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати ҳифзи иҷтимоии маъюбону иштирокчиёни  Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва омодагӣ ба истиқболи 75-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки 9 майи соли 2020 муайян гардидааст, дастур дод.

     Меҳмони олиқадрро раиси ноҳия муҳтарам Одиназода Б.Н пазируфта, қайд намуд, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба фаъолияти Шӯрои ноҳиявии собиқадорони ҷангу меҳнат бобати дастгирӣ ва ҳифзи иҷтимоии собиқадорон ба таври ҳамешагӣ мусоидат ва ҳамкорӣ менамояд.

 

 

image
Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

image
Одиназода Бозоралӣ Неъмат

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ