Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ИСТИҚБОЛИ 24-СОЛАГИИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

      Рӯзи 05.11.2018 дар толори Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошимови ноҳия чорабинии тантанавӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

     Дар қисми тантанавии чорабинӣ раиси ноҳия Одиназода Бозоралӣ Неъмат ва Прокурори ноҳия Салимзода Дилшод дар бораи ин дастоварди бузургу сарнавиштсози ҳаёти халқу кишварамон, бахтномаи миллат, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд. 

     Консерти идонаи омоданамудаи ҳунармаандони Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошимови ноҳия идомабахши чорабинӣ буд. Дар ин рӯз бахшида ба ин ҷашн як қатор чорабиниҳои варзишӣ, аз қабили шоҳмот, футболи хурд, тенеси рӯи миз ва байни духтарон бозиҳои волейболу баскетбол гузаронида шуд.

 

image
Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

image
Одиназода Бозоралӣ Неъмат

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ