Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Рўзҳои фарҳанги Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар вилояти Хатлон (10-12 майи соли 2018)

 

     Ҷиҳати   амалигардонии   дастуру   ҳидоятҳои   Асосгузори  сулҳу   ваҳдати  миллӣ-Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам   Эмомалӣ   Раҳмон,  тибқи   нақша-чорабиниҳои  Ҳукумати  Ҷумњурии  Тоҷикистон    баҳри  пойдории  дўстӣ  ва   ҳамкориҳои самарабахш  аз  11  то   12   майи   соли  2018  дар  қаламрави  вилояти   Хатлон  баргузории  Рўзҳои фарҳанги  Вилояти Мухтори Куҳистони  Бадахшон    дар   назар  дошта   шудааст.

      Сокинони   меҳмондўсти   ноҳияи  Мир  Сайид   Алии    Ҳамадонӣ  бо   қалби  пур   аз  фараҳу   нишот  ташриф   овардани   меҳмонони  ро  ба   ноҳия  хайра   мақдам   гуфта,  баҳри   дар   сатҳи  баланд   қабул  намудани   онҳо  ва   ташкили   баргузории    чорабиниҳои   гуногуни   маданию   фарҳангӣ   ва   маърифатӣ  омодагии   ҳамаҷониба   мебинанд. Дар рўзҳои  фарҳанги Вилояти Мухтори Куҳистони  Бадахшон дар ноҳия     баргузории маҳфили ҷавонони шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, мизи мудаввар дар мавзўи «Ҷавонон – пайрави пешвои миллат», маҳфилди занони шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар мавзўи «Модарон дар шоҳроҳи Ваҳдат», маҳфили «Ширу шакар» - и адибони шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, тамошои намоишномаи театрии Театри мусиқи – мазҳакавии ба номи меҳрубони Назаров-и шаҳри Хоруғ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, хўрокҳои миллӣ ва фурўши маҳсулотҳои саноативу кишоварзии шаҳри Хоруғ, барнрномаи фарҳнгиву косертии «Шоми Дустӣ» бо иштироки ҳунармандщони шаҳри Хоруғ ба ниқша гирифта шудаанд.          

      Қобили  зикр   аст,  ки  тавассути   баргузории  чунин   чорабиниҳо   робитаи   дўстиву   фарҳангӣ   ва   тиҷоратии  байни  мардуми    шаҳри   Хоруғ   ва   ноҳияи   Мир   Сайид   Алии   Ҳамадонӣ     густариш   ёфта,  дўстиву   рафоқат боз   ҳам  мустаҳкам   мегардад.

 

image
Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

image
Одиназода Бозоралӣ Неъмат

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ