Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Ҷараёни ҷоизасупорӣ ба ғолибони мусобиқа

   Санаи 30.11.2018 ҷамъбасти мусобиқаҳои ноҳиявӣ оид ба футболи хурд ва Валейбол баргузор гардид, ки дар ин мусобиқа ҷойи якум насиби дастаи футболи Прокуратураи ноҳия ва ҷойи дуюм насиби дастаи шуъбаи КДАМ дар ноҳия гардид. Ва дар мусобиқаи валейбол, ки байни Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия доир гардид, ғолиби мусобиқа дастаи МТМУ №38-и Ҷамоати деҳоти Панҷрӯд дониста шуд. Ғолибони мусобиқаҳо бо медалу ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

   Инчунин, дар ин рӯз ба дастаи футболи  "Сарҳадчӣ"-и ноҳия, ки сазовори ҷойи 3-юми мусобиқаи футбол дар лигаи 2-юми ҷумҳурӣ гардиданд  бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Одиназода Бозоралӣ Неъмат ва  раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон туҳфаҳо супорида шуд.

 

 

 

 

 

 

 

image
Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

image
Одиназода Бозоралӣ Неъмат

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ