Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Хониши сиёсӣ гузаронида шуд

     Дар толори маҷлисгоҳи Шабакаҳои барқи ноҳия бо аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ хониши сиёсӣ гузаронида шуд, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Д. Ғаффорзода иштирок намуд.

     Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия оид ба амалӣ шудани яке аз ҳадафҳои Стратегии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти энергетикӣ бо ҷамъомадагон суҳбат намуд. Қайд карда шуд, ки оғози кори агрегати якуми НБО-и Роғун барои тамоми сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол санаи фаромӯшнашаванда ва рӯзи таърихӣ мебошад.

     НБО-и Роғун омили муҳимтарини рушду тарақиёти минбаъдаи Тоҷикистон ва зиндагии осудаи мардуми мо ба ҳисоб меравад. Маҳз бо мақсади таъмин намудани рушди босуботи кишвар ва мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии он Ҳукумати кишвар  тарақиёти соҳаи энергетикаи обиро самти муҳимтарину афзалиятноки сиёсати иқтисодии худ ва расидан ба истиқлолияти энергетикиро яке аз ҳадафҳои миллии стратегӣ эълон кард.

 

   

image
Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

image
Одиназода Бозоралӣ Неъмат

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ