Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Ҳолати мелиоративии заминҳо беҳтар мегардад

      Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия бо мақсади тайёрӣ ба мавсими обгирӣ, тоза намудани заҳбуру заҳкашҳои ҳудуди ноҳия ва дар ин замина беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои корами обӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои дар ин самт тасдиқгардида як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст.

     Дар ноҳия 113,5 км шабакаҳои обёрии байни хоҷагӣ ва 443,9 км дохили хоҷагӣ, 117,8 км заҳкашу заҳбурҳои байни хоҷагӣ ва 275 км дохили хоҷагӣ,  98 адад иншоотҳои гидротехникӣ ва дигар иншоотҳои обрасонӣ мавҷуд аст.

    Давоми соли равон баҳри беҳдошти ҳолати мелиоративии заминҳо аз тарафи Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия дар ҳаҷми 16,2 км заҳбуру заҳкашҳо ва  28,5 км шабакаҳои обёрӣ аз лою гил тоза карда шудааст.

     Дар ҳудуди ноҳия 9 адад Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об амал мекунанд, ки шартномабандӣ бо Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об  дар майдони 14465 гектар   ба иҷро расонида шудааст. Аз ҳисоби ҳаққи хизмати обрасонӣ ба масофаи 5,8 км дар ҳаҷми 20979 метри мукааб заҳбуру заҳкашҳои байни хоҷагӣ тоза карда шуд, ки ҳолати мелиоративии 100 гектар замин дар ҳудуди Ҷамоатҳои деҳоти Даштигуло ва Меҳнатобод беҳтар карда шуд.        

image
Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

image
Одиназода Бозоралӣ Неъмат

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ