Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Ҳолати зимистонгузаронӣ дар хоҷагиҳои чорводорӣ зери назорат қарор дода шудааст

     Дар асоси супориши Раиси ноҳия моҳи ноябри соли равон аз тарафи масъулини Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар ноҳия ҳолати зимистонгузаронии чорво дар 14 хоҷагии деҳқонии чорводорӣ, ки ба парвариши ҳайвони шохдори майда ва ҳайвони шохдори калон машғуланд, санҷиш гузаронида шуд. Аз ҷумла: «10-солагии истиқлоият», «Шоҳқурбони Зардӣ», «Беҳзод», «Даврони Ҳамид», «Агротехдон», «Раҳмони Талаб», «Агроглобал», «Раҳмониён», «Қозиён», «Гулбоғ», «Агротехдон», «Раҷаби Мардон», «Ҳамешабаҳор», «Бахтиёр». Дар рафти санҷиши гузаронидашуда маълум гардид, ки барои пешгирӣ намудани бемориҳои сироятӣ, ангалӣ чорабиниҳои байторӣ гузаронида шуда аст. Дар ферма ва кашарҳои хоҷагӣ барои безараргардонидан аз кана ва дигар намуди зараррасонҳои паразиторӣ бо маҳлулҳои дезинфексионӣ чорабиниҳои байторӣ гузаронида шудааст. Инчунин дар хоҷагиҳои деҳқонии «Гулбоғ», «Бахтиёр», «10 - солагии истиқлоият», «Қозиён», дератизасияи фермаҳо гузаронида шудааст. Дар рўзҳои санҷиш дар фермаҳои хоҷагиҳо ягон намуд беморӣ ба қайд гирифта нашуд ва вазъи эпизоотӣ дар фермаҳо хуб буд.

    Захираи хурокиҳои дурушт ва консентратӣ, ки ба фермаҳои хоҷагиҳо кашонида шуда буданд, ҳамагӣ дар 17 фермаи ҲШК ва ҲШМ - 563,3 кг - ро ташкил медод. Кашонидан ва захира намудани хуроки чорво, аз ҷумла хурокиҳои консентратӣ (ширадор) дар ҳамаи хоҷагиҳои санҷишгузаронида давом дорад.

     Аз рўи маълумотҳои роҳбарони хоҷагиҳо ва сўхбате, ки мо бо чупонҳо ва подабонҳо намудем, онҳо бо хуроки гарм, либоси зимистона ва ҳезум таъмин шудаанд. Оиди ислоҳ кардани камбудиҳои мавҷудбуда ба роҳбарони хоҷагиҳо дар санадҳои тартибдодашуда пешниҳодҳо дода шуд.

 

  

image
Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

image
Одиназода Бозоралӣ Неъмат

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ